Натиҷаҳои ислоҳот дар соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон дар солҳои охир

    Сайёҳӣ 7 Oktabr 2022 1609

    Туризм ояндаи иқтисодиёти мамлакати мост. Солҳои охир туризм ба яке аз «нуқтаҳои афзоиши» иқтисодиёти миллӣ табдил ёфт. Он ба рушди дигар бахшҳои марбут ба сайёҳӣ мусоидат мекунад ва ба афзоиши даромадҳо бо таъсири мултипликатории баланд хизмат мекунад. Туризм дар шароити Ўзбекистон омили муҳими созмон додани ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

    Мувофиқи маълумоти Донишкадаи пешгӯӣ ва тадқиқоти макроиқтисодӣ, дар се сол шумораи сайёҳон 2,5 баробар афзудааст. Агар дар соли 2017 шумораи онҳо 2,7 миллион нафар бошад, соли 2019 ба 6,7 миллион нафар расид, соли 2020 бар асари пандемия 1,5 миллион нафар ва соли 2021 ҳудуди 1,9 миллион сайёҳи хориҷӣ омада тавонистанд.

    Содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ дар соли 2020 ба 370 миллион доллар расида, соли 2021 ин рақам 15,1 фоиз афзуда, 422,1 миллион долларро ташкил дод. Дар соли 2022 интизор меравад, ки 4,5 миллион сайёҳ ояд, аз ҳисоби ин содироти хидматҳои сайёҳӣ ба дараҷаи назаррас меафзояд.

    Дар Ӯзбекистон тамоюлҳои мусбат дар барқарорсозии босуръати соҳаи сайёҳӣ мушоҳида мешаванд. Айни замон Ӯзбекистон барои сафарҳои хориҷӣ комилан боз аст. Ҳама маҳдудиятҳои сафар бардошта шуданд. Пас аз пандемия ба барқарор намудани сайёҳии дохилӣ ва ташкили сафарҳои низомноки аҳолӣ эътибори алоҳида дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates