Тавре ки директори Пажӯҳишгоҳи археологии Самарқанд Муминхон Саидов зикр намуд, омӯзиши пайдоиш ва синну соли Самарқанд зиёда аз 150 сол боз идома дорад. Дар ибтидо, муҳаққиқон синни шаҳрро тақрибан 1500 сол мешумурданд. Вале натиҷаҳои корҳои муштараки археологӣ, ки дар солҳои 2000-ум ба даст омада буданд, санади муқаддамотии таърихи таъсисёбии Самарқандро 2750 сол нишон медоданд. Кашфиёт ва таҳқиқоти охирин ин рақамро боз ҳам дақиқтар карда, сини ҳадди ақали шаҳрро 3000 сол тасдиқ карданд.
Далели калидӣ натиҷаи таҳлили такрории бозёфтҳои мавҷуда буд, ки ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар маҳалҳои Кӯктеппа ва Афросиёб пайдо шудаанд. Аз ҷумла, маводи дар ҷараёни ҳафриёти Кӯктеппа (25 км дуртар аз Самарқанд) дар солҳои 1993–2006 ёфтшуда: деворҳои гилин, зарфҳои сафолӣ, устухони ҳайвонот ва осори органикӣ, ки ба асрҳои VII–IV то милод мансубанд, аҳамияти хоса доштанд.
Барои муайян сохтани хронология артефактҳо ба озмоишгоҳҳои илмии Фаронса, Олмон ва Ҷопон фиристода шуданд. Натиҷаҳои таҳлилҳо барои муқаррар намудани синни нави Самарқанд асоси илмӣ гардиданд.