Чӣ хеле ки дар мулоқот мувофиқа шуд, ба мақсади рушди долони мултимодалии “Чин – Қирғизистон – Ўзбекистон – Афғонистон” ифтитоҳи озмоишии қатораи контейнерӣ бинобар хатсайри нави “Қашқар – Ўш – Андиҷон – Ғалаба – Хайратон” ба роҳ монда шуд.

Дар айни замон аз ҳудуди мамлакати мо бо ҳамин роҳ аввалин поезди иборат аз 12 адад контейнери 40-футӣ ҳаракат мекунад. Дар омади гап, Ӯзбекистон барои ҳамлу нақл тавассути қаламрави кишвари мо 70 фоиз тахфиф дод. Имтиёзҳои тарифӣ то 50 фоиз аз ҷониби дигар кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шуданд.

Ба ин бор борҳои озуқаворӣ, аз ҷумла асбобу анҷоми рӯзгор ва маҳсулоти эҳтиёҷоти хоҷагии халқ дохил мешаванд. Мол аз ҷониби Чин ба контейнерҳо ҷойгир карда шуда, дар истгоҳи Ӯш (Қирғизистон) ин контейнерҳо ба платформаҳои фитингии мутааллиқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бор карда шуданд. Ба воситаи роҳи оҳан ба пункти охирин расидани поезд дар ду рӯз пешбинӣ шудааст.

Бинобар хабари маркази иттилоотии ахбору таҳлилии “Ўзбекистон темир йўллари” баъд аз таҳия шудани тамоми нозукиҳои лоиҳаи пилотӣ бинобар хатсайри мазкури мултимодалӣ танҳо дар самти Афғонистон ҳамлу нақли мол дар як сол чор ҳазор контейнерро ташкил медиҳад.  

Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли бор аз тариқи долони нави мултимодалии “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон – Афғонистон” аз истгоҳи роҳи оҳани Қашғар (Чин) то истгоҳи роҳи оҳани Ош (Қирғизистон) тавассути автомобил ва сипас то истгоҳи Мазори Шариф (Афгонистон) ба воситаи Ӯзбекистон ба воситаи рохи оҳан амалӣ мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин хатсайр экспедитори генералӣ дар Ӯзбекистон ҶСК «Ӯзтемирйӯлконтейнер» мебошад.