Тибқи маводи дар портали расмии донишгоҳ нашршуда, коршиносон аввал 43 намунаи антителоро омӯхта, қобилияти онҳоро барои пешгирии сироят бо варианти SARS-CoV-2 арзёбӣ кардаанд. Сипас онҳо нӯҳ зарраеро, ки ба вирус муқовимати бештар доранд, интихоб карданд ва онҳоро дар хояндаҳо озмоиш карданд ва баъд аз он самараноктаринро интихоб карданд, менависад "Известия".

Дар натиҷа, олимон дарёфтанд, ки антителоҳои SARS2-38 метавонанд ба вариантҳои маъмули сироят, аз ҷумла "альфа", "бета", "гамма", "дельта", "каппа", "йота" муқовимат кунанд. Илова бар ин, онҳо метавонанд ба мутатсияҳои нодир муқовимат кунанд. Тавре ки коршиносон шарҳ доданд, антителоҳои дар боло зикршуда ба як қисми ҳамешагии сафедаи хӯшаи коронавирус пайваст мешаванд.

"Ин антитело ҳам таъсири нейтрализатсияи баланд дорад (яъне маънои онро дорад, ки он дар консентратсияҳои паст хеле хуб кор мекунад) ва таъсири васеи безараргардонӣ дорад (яъне ба муқобили ҳама вариантҳо кор мекунад)" --  гуфт муаллифи калони таҳқиқот Майкл С.Даймонд.

23 август духтур-иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков эҳтимолияти пайдоиши штаммҳои коронавирусро бо сатҳи баландтари паҳншавӣ ва имконияти пешгирӣ таъсири антителоҳо ба онҳо арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин метавонад рӯй надиҳад, зеро ҳама чиз аз суръати ваксиназанӣ дар саросари ҷаҳон ва суръати ташаккули иммунитети ҷамоавӣ, инчунин ба суръати мутатсияҳои вирус вобаста аст.