Зимнан зикр гардид, ки танҳо дар соли 2021 дар ҷаҳон ҳудуди 1 миллиард қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, дар интернет қариб 60 миллион ҷинояткор муайян карда шудааст.
“Зарар аз ҷиноятҳо дар соҳаи технологияи рақамӣ дар соли 2015 3 триллион долларро ташкил дод, пешгӯӣ барои соли 2025 -- 10,5 триллион долларро ташкил медиҳад. Ин беш аз 3,5 баробар аст”, - чунин аст пешгӯии коршиносон.
Дар рафти мубоҳиса иштирокчиён ба ин масъалаҳо диққат доданд:
такмили таҷрибаи судӣ дар таҳқиқи киберҷиноятҳо ва парвандаҳои ҷиноятӣ;
хусусиятҳои гузаронидани экспертизаи компютерӣ-техникии ин ҷиноятҳо, вайрон кардани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар соҳаи телекоммуникатсия.
Ҷонибҳо оид ба баланд бардоштани нақши мақомоти давлатӣ дар таъмини бехатарии иттилоотӣ, муҳимияти ҳамкории вазорату идораҳо дар мубориза бо вайронкуниҳои қонунгузорӣ дар шабакаи Интернет мубодилаи афкор намуданд.
“Конфронс ба мавзӯи хеле муҳим бахшида шудааст, ки дар он масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи технологияи рақамӣ ба миён гузошта мешаванд. Моҳи феврал Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис қонун дар бораи кибербехатариро қабул кард. Ин қонун мафҳуми киберфазо, масъалаҳои амниятӣ, ҳамлаҳои киберӣ ва истилоҳҳои шабеҳро шарҳ медиҳад. Умуман, дар ин самт мо дар доираи қонун мафҳуми легарро таҳия кардем. Ҳоло дар конфронси имрӯза мо нақша дорем, ки ба қонунҳои мавҷудаамон, Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ меъёрҳои навро дар ин самт ворид созем», - гуфт директори Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои қонунгузорӣ ва таҳқиқоти парлумонии назди Олий Маҷлис Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фозилҷон Отахонов.
Дар охир оиди баланд бардоштани нақши технологияи интеллекти сунъӣ дар комёбиҳои бехатарии иттилоотӣ пешниҳод таҳия гардида, инчунин барои пешомад дар ин соҳа вазифаҳои аниқ муайян шуданд.