Дар рӯзҳои таътили зимистона ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ барои билети роҳи оҳан 50 фоиз тахфиф дода мешавад

    Нақлиёт 12 Dekabr 2023 1364

    Барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии Ўзбекистон дар рӯзҳои таътили зимистона барои чиптаҳои қатораҳо 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҷамъияти саҳҳомии «Узтемирйулйуловчи».

    Тибқи иттилои ширкат, тахфифҳо дар ҳаҷми 50 фоизи арзиши пурраи чипта барои қатораҳои мусофирбари маҳаллӣ аз 25 декабри соли 2023 то 7 январи соли 2024 эътибор доранд.

    Билетҳоро аз кассаҳои роҳи оҳан харидан мумкин аст, барои ин паспорт ё ID-карта бошад кифоя. Инчунин, харидро ба тариқи онлайн аз сайти eticket.railway.uz анҷом додан мумкин аст.

    Зимнан зикр мегардад, ки тахфиф ба чиптаҳои вагонҳои класси СВ ё люкс (VIP), инчунин қатораи электрикии баландсуръати Afrosiyob дахл надорад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates