Дар арафаи Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар мусобиқаҳо оид ба давидани «Нафаси нав» баргузор мешаванд

    Варзиш 15 Iyun 2022 1446

    Ба муносибати 30 июн – Рӯзи ҷавонон дар шаҳрҳои Фарғона, Намангон, Самарқанд, Гулистон, Чирчиқ, Ҷиззах, Шаҳрисабз ва Тошканд 26 июни соли 2022 мусобиқаҳо оид ба давидани оммавии “Нафаси нав” гузаронда мешаванд.

    Интизор меравад, ки дар пойгаи секилометрӣ дар ҳар шаҳр беш аз ду ҳазор нафар ширкат мекунанд. Шиори онҳо – «Мо ҳама якҷоя, дар як Ватан, дар як вақт, ба як масофа, бо як мақсад медавем».

    «Мусобиқа оид ба давидани «Нафаси нав» бешубҳа, на танҳо барои паҳн намудани принсипҳои тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ё муттаҳид кардани мардум дар як ҳадаф, балки барои баланд бардоштани сатҳи чорабиниҳои солмгардонӣ, ки сол то сол маъмул гашта истодааст, хизмат хоҳад кард», – иброз дошт Камолиддин Рахаммедов, коркуни масъули Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон. – Агар марафон ё мусобиқаҳои давидани пештара танҳо дар ҳудуди муайяни мамлакати мо ташкил карда шуда бошанд, пас чорабиниҳои оммавии варзишӣ дар як вақт дар ҳашт шаҳр гузаронда мешаванд. Дар як вақт оғоз ёфтани давидан аз нуфузи мусобиқа ва фарогирии он далолат медиҳад. Дар кишвари мо ин имкон медиҳад, ки мутахассисони ин соҳа дар шакли нав кор кунанд».

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates