Партияи навбатии доруҳои зидди гепатити "С" ба Тошканд расид

    Тандурустӣ 13 Noyabr 2023 1693

    Партияи навбатии 18-уми доруи зидди гепатити "С" "Софосбувир-400 мг" дар ҳаҷми 5600 баста аз Миср ба Тошканд оварда шуд.

    Ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Қоҳира, доруҳо ба Пажӯҳишгоҳи илмии вирусологияи Вазорати тандурустии кишварамон фиристода шудаанд. Аз онҳо бемороне, ки дар ин муассисаи тиббӣ табобат мегиранд, ройгон истифода хоҳанд кард, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    800 ҳазор воҳиди ин дору, ки то кунун ҳукумати Миср ба Ӯзбекистон додааст, ниёзи 133 ҳазор беморро қонеъ хоҳад кард.

    Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми башардӯстона тибқи тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба Миср рӯзҳои 20-21 феврали соли 2023 ва музокирот бо Вазорати тандурустии Миср ҳосил шуда буд, сурат мегирад. Кӯмаки башардӯстона барои дастгирии беморони гепатит ва табобати онҳо аз ҳисоби давлат мусоидат мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates