Тибқи иттилои дафтари матбуоти ЮНИСЕФ, ин партияи ваксинаи "Sinovac" дар ду рӯзи охир дуввумин аст ва шумораи вояи дар кишвар мавҷудбуда 1 776 000 афзоиш меёбад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 20 октябр, ба Ӯзбекистон партияи ваксинаи чинии "Sinovac" ба миқдори 864 ҳазор воя оварда шуд.

Айни замон дар Ӯзбекистон шумораи умумии ваксинаҳои ба кишвар овардашуда  34 миллиону 951 ҳазору 358 вояро ташкил медиҳад.