Дар айни ҳол ҳайати Агентии рушди боғдорӣ ва хоҷагиҳои гармхонаи назди Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон ба мақсади шинос шудан бо таҷриба ва такмили ихтисоси кормандони ширкатҳои бонуфуз оид ба истеҳсоли тухмӣ ва масолеҳи парварда дар Испания қарор доранд, хабар медиҳад мутахассисони EastFruit бо истинод ба Агентии миллии ахбор.
Намояндагони ҳайати вакилон дар рӯзҳои аввали омадан ба ин ҷо аз ниҳолпарварии ширкати Eurosemillas (музофоти Андалусия), ки ба рӯёндани ниҳол ва тухмӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони ин соҳа ихтисос дорад, дидан карданд. Бинобар натиҷаҳои мулоқот ва музокирот оиди дар Ӯзбекистон ба роҳ мондани рӯёндани ниҳолҳои мандарин, зайтун ва офтобпараст дар асоси таҷрибаи Испания мувофиқа ҳосил шуд. Дар бораи такмили ихтисоси агрономҳои ӯзбекистонӣ дар ҳамин корхона низ меморандум имзо карда шуд. Дар навбати худ роҳбари ширкати Eurosemillas Хосе Мария Фонтан дар бораи нақшаҳояш оиди сафар ба Ӯзбекистон дар ояндаи наздик эълон кард.
Ҳайати Ӯзбекистон инчунин аз плантатсияҳои зайтуну мандарин ва пистаи Испания дидан намуда, бо технологияи истеҳсоли ин маҳсулот ва равишҳои нав дар ин самт шинос шуданд. Дар асоси таҷриба ва технологияи фермерони Испания дар Ӯзбекистон ташкил кардани плантатсияи таҷрибавии навъи ба хунук тобовари мандарин дар 5 гектар ба нақша гирфта шудааст.