Дар Ӯзбекистон ба кори нуқтаҳои газпуркунӣ маҳдудияти иловагӣ ҷорӣ намуданд

    Энергетика 12 Dekabr 2023 1453

    Дар Ӯзбекистон махдудиятҳоро дар кори нуқтаҳои компрессории автомобилии газ пурзӯр карданд. Дар ин бора хидмати матбуоти «Ҳудудгазтаъминот» хабар медиҳад.

    Гуфта мешавад, ки ба далели афзоиши масрафи метан, ки боиси коҳиши фишори газ дар бархе аз манотиқ мешавад, ба ҷадвали кори нуқтаҳои фурӯши метан муваққатан тағйирот ҷорӣ карда шуданд.

    «Аз 12 декабри соли равон нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ шаш соат – аз соати 06:00 то 12:00 кор хоҳанд кард», - гуфта мешавад дар иттилоияи “Ҳудудгазтаъминот”.

    Бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво кори беҳтар намудани таъминоти газ ба истеъмолкунандагон давом дорад.

    «Ҳудудгазтаъминот» аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки аз таҷҳизоти газ танҳо барои эҳтиёҷоти аввалия истифода баранд, то мушкили эҳтимолии газ дар маҳаллаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ пайдо нашавад. Инчунин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми аз хона баромадан ҳарчи бештар таҷҳизоти гармидиҳиро хомӯш кунед.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates