Тавре Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон хабар медиҳад, чоряки чоруми соли таҳсил аз 30 март (душанбе) оғоз мегардад.

Дарсҳое, ки барои рӯзҳои 20 март (ҷумъа) ва 28 март (шанбе) ба нақша гирифта шуда буданд, ба давраи чоряки чорум аз ҳисоби аз нав тақсим кардани сарбории таълимӣ кӯчонида мешаванд.