Пеш аз ҳама мехоҳам ба суханони миннатдорӣ нисбат ба Президенти Федератсияи Русия, муҳтарам Владимир Владимирович Путин, барои меҳмоннавозӣ ва ташкили сатҳи баланди мулоқоти имрӯзаи мо ҳамроҳ шавам.
Махсусан раёсати самараноки ҷониби Беларус, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Григоревич Лукашенкоро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъкид менамоям, ки дар давраи он ҳамкории бисёрҷонибаи амалӣ суръати нав касб намуд.
Дар пасманзари афзоиши парокандагии бозорҳои ҷаҳонӣ, мураккабшавии занҷирҳои логистикӣ ва тағйирёбии авлавиятҳо дар тақсими захираҳои сармоягузорӣ, барои мо аҳамияти принсипиалӣ касб мекунад, ки ҳамкории прагматикӣ ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё — шарикони стратегиию табиии худ — амиқтар намоем.
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!
Дар чор соли охир ҳамкории Ӯзбекистон бо кишварҳои ИИАО дар мақоми давлати нозир боис гардид, ки гардиши савдои хориҷии мо бо ин кишварҳо тақрибан ду баробар афзоиш ёбад.
Хусусан муҳим аст, ки дар сохтори робитаҳои иқтисодӣ ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд рӯ ба афзоиш аст ва тавсеаи лоиҳаҳои кооператсионӣ динамикаи устувор нишон медиҳад.
Ин ҳолат аз манфиати воқеии шарикони мо барои таҳкими занҷирҳои истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.
Ӯзбекистон дар форматҳои калидии авруосиёӣ фаъолона иштирок менамояд.
Бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Нақшаи сесола амалӣ мегардад, ки тақрибан 40 тадбири мушаххасро дар соҳаҳои савдо, саноат, молия, маҷмааи агросаноатӣ ва нақлиёт дар бар мегирад.
Кор дар формати Гурӯҳи муштараки корӣ идома дорад — ҷаласаи панҷуми онро ният дорем соли оянда дар шаҳри Тошканд баргузор намоем.
Мо инчунин дар барномаҳои соҳавии ИИАО оид ба рушди тиҷорати электронӣ, рақамисозии ҳамлу нақли бор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ширкат меварзем.
Қарорро дар бораи оғози музокирот ҷиҳати бастани созишнома оид ба табодули иттилоот дар бораи молу воситаҳои нақлиёт, ки тавассути сарҳадҳои гумрукии Ӯзбекистон ва ИИАО интиқол меёбанд, истиқбол мекунем.
Мутмаинем, ки табодули фаромарзии маълумот ба баланд шудани самаранокии назорати гумрукӣ, коҳиши таъхирҳо мусоидат намуда, ба ҳамгироии низомҳои нақлиётии мо дар долонҳои авруосиёӣ кумак хоҳад кард.
Пайвастани Ӯзбекистон ба Бонки рушди АвруОсиё марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкорӣ гардид. Якҷо бо Бонк портфели лоиҳаҳои умедбахш дар соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, металлургия, кимиё ва дигар бахшҳо ташаккул дода шудааст.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Мехоҳам ба таври мухтасар авлавиятҳои тавсеаи ҳамкории моро бо ИИАО баён намоям.
Якум. Вазифаи асосӣ бартарафсозии марҳилавии монеаҳои тиҷоратӣ боқӣ мемонад. Зарур мешуморем, ки ҳамоҳангсозӣ байни ниҳодҳои ИДМ ва ИИАО ҷиҳати наздик кардани равишҳо дар танзими техникӣ, меъёрҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ фаъолтар гардад.
Таҳияи «харитаи роҳ» оид ба бартарафсозии расмиёти зиёдатӣ ва муттаҳидсозии талабот ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
Барои ҳалли фаврии масъалаҳои вобаста ба фарқиятҳо дар танзими техникӣ, сертификатсия ва идоракунии гумрукӣ, пешниҳод менамоем Гурӯҳи ҳамоҳангсози муштараки «Ӯзбекистон – ИИАО» оид ба монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ таъсис дода шавад.
Дуюм. Ба рушди кооператсияи саноатӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳем.
Зарур аст якҷо рӯйхати лоиҳаҳоро дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, маҷмааи агросаноатӣ, саноати кимиё ва дигар бахшҳо ташаккул диҳем.
Бо дарназардошти шомилшавии Ӯзбекистон ба Бонки рушди АвруОсиё, мувофиқ мебуд, ки якҷо самтҳои стратегии шарикӣ муайян гардида, «харитаи роҳ»-е таҳия карда шавад, ки лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва «сабз», инчунин дастгирии соҳибкории хурду миёнаро дар бар гирад.
Бовар дорем, ки Бонк метавонад на танҳо манбаи маблағгузорӣ, балки катализатори ҷалби сармоягузориҳо ба лоиҳаҳои ҳамгироӣ гардад.
Сеюм. Ният дорем ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ тақвият бахшем.
Пешниҳод мекунем якҷо бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё «харитаи роҳ» оид ба ҳамоҳангсозии платформаҳои рақамӣ, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ва тамғагузории рақамӣ таҳия карда шавад.
Мо инчунин ба рақамикунонии маъмурияти гумрукӣ ва гузариш ба модели бефосилаи интиқоли бор афзалият медиҳем.
Чорум. Мо аз пайвастан ба платформаҳои технологии ИИАО, ки самтҳое чун биомедитсина, маводҳои нав, агротехнология, энергетика ва робототехникаро фаро мегиранд, манфиатдор ҳастем.
Панҷум. Омодаем ҳамчунин ба ташаккули манбаи муттаҳидаи иттилоотӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамроҳ шавем.
Ин равиш имкон медиҳад, ки маҳсулоти сайёҳии кишварҳои мо ба ҳам пайваста гарданд.
Муҳтарам дӯстон!
Ӯзбекистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содиқ аст.
Бо истифода аз фурсат, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев, бинобар гузаштани раёсат дар Иттиҳод ба Қазоқистон, муваффақият орзу менамоям.
Бори дигар ҳамаи шумо ва халқҳои бародари моро бо фарорасии Соли нав самимона табрик гуфта, сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Барои таваҷҷуҳатон ташаккур.








