Дар тӯли ҳафт соли охир дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 6 784 лоиҳа ба маблағи 17 триллиону 800 миллиард сӯм татбиқ гардид. Дар натиҷа 56 ҳазор ҷои кор ба вуҷуд омад. Дар ин муддат ба маблағи 2 миллиарду 815 миллион доллар мол содир шудааст.
Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Туркия ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев 27 март оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, содирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаласа баргузор намуд. Ба шарофати фазои мусоиди соҳибкорӣ дар кишвари мо шумораи корхонаҳои хориҷӣ дар солҳои охир аз 5 ҳазор то ба 16 ҳазор расид. Сармояи мустақими хориҷӣ қариб ба ҳар як ноҳия ва шаҳр ҷалб карда мешавад.
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 июн оид ба самаранокии корҳо дар соҳаи сармоягузорӣ ва содирот, инчунин муҳокимаи вазифаҳои афзалиятнок дар давраи то охири сол ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.