Масъалаҳои соҳаи сармоягузорӣ, содирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 27 Mart 2023 5706

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 март оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, содирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаласа баргузор намуд. Ба шарофати фазои мусоиди соҳибкорӣ дар кишвари мо шумораи корхонаҳои хориҷӣ дар солҳои охир аз 5 ҳазор то ба 16 ҳазор расид. Сармояи мустақими хориҷӣ қариб ба ҳар як ноҳия ва шаҳр ҷалб карда мешавад.

    Дар панҷ сол шумораи корхонаҳои содиркунанда аз 4,5 ҳазор ба 7,2 ҳазор расид. Намудҳои маҳсулоти содиротӣ низ аз 1,5 ҳазор то қариб ба 3 ҳазор ва ҷуғрофияи содирот аз 139 ба 164 кишвари ҷаҳон афзоиш ёфт. Содироти маҳсулоти тайёр ду баробар афзуда, ҳиссаи он дар сохтори содирот аз 50 то 65 фоиз афзуд.

    Дар идомаи ин корҳо ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ ҳудуди 11 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ азхуд шавад. Дар минтақаҳо 12 ҳазор лоиҳаи нав ба маблағи 23 миллиард доллар, аз ҷумла беш аз 3 ҳазор иншооти истеҳсолии калон ва миёна ба роҳ монда мешавад. Акнун онҳоро ба манфиати халқамон амалӣ гардондан лозим аст.

    Дар вохӯрӣ масъулин оид ба корҳои дар ин самт анҷом додашуда ҳисобот доданд. Зимнан зикр гардид, ки аз аввали сол 764 миллион доллар сармояи хориҷӣ азхуд шуда, 1,3 ҳазор лоиҳаи калону миёна роҳандозӣ шудааст. Содирот 3 миллиард долларро ташкил дод.

    Сарвари давлатамон нокифоя будани ин натиҷаҳоро таъкид намуда, зарурати махсусан дар пасманзари вазъи мураккаби дар ҷаҳон ба вуҷуд омада дучанд кӯшиш ба харҷ доданро зикр кард.

    Инак, рӯз аз рӯз масъалаҳои логистика барои ба кишвар интиқол додани таҷҳизот ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои хориҷӣ бештар ба миён меоянд. Илова бар ин, ҷалби сармояи хориҷӣ торафт мушкил мегардад. Масъалаҳои бо инфрасохтор таъмин намудани лоиҳаҳо актуалӣ мебошанд.

    Дар робита ба ин, Президент таъкид кард, ки иҷрои лоиҳаҳо дар заминаи минтақаҳо ва соҳаҳо ҳамарӯза зери назорат гирифта, мушкилоти ҷойдошта сари вақт ҳал карда шавад. Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи 304 лоиҳаи калон ва 3 ҳазор лоиҳаи минтақавӣ имсол имкон дорад, ки ба маблағи 10 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол карда, ба маблағи 200 миллион доллар содир карда шавад.

    Супориш дода шуд, ки бозорҳои хориҷӣ ба таври доимӣ таҳлил карда, имкониятхои зудтар азхуд намудани бозорҳои нав ва даҳлезҳои нави нақлиётӣ ҷустуҷӯ карда шавад. Қайд гардид, ки дар шароити вусъат ёфтани рақобат беҳтар намудани сифати маҳсулот ва арзон кардани арзиши аслии он аҳамияти калон дорад.

    Супориш дода шуд, ки низоми маблағгузории лоиҳаҳоеро, ки ба маҳаллисозии маҳсулоти баландтехнологӣ ва молҳои арзиши иловашуда нигаронида шудаанд, ҷорӣ карда, дар назди Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо Маркази тадқиқотии сиёсати саноатӣ таъсис дода шавад.