Дар водии Фарғона аз 5-уми сентябри соли 2025, соати 12:00 барои 36 соат интиқоли гази табиӣ муваққатан қатъ мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетика хабар дод.
Дар шаҳри Марғилон мутахассиси калони шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва мактабии вилояти Фарғона, ки ба гирифтани пора гумонбар мешавад, боздошт гардид. Масъул барои мусоидат дар гирифтани иҷозатномаи ифтитоҳи кӯдакистони хусусӣ дар доираи шарикии давлатӣ ва хусусӣ 2 000 доллари ИМА талаб кардааст.
Кормандони шуъбаи шаҳрии Қӯқанди Раёсати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона дар доираи чорабиниҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳолати ғайриқонунии фурӯши пулҳои қалбакиро ошкор карданд. Муайян гардид, ки як сокини маҳаллии соли таваллудаш 2003,бо ба муомилот ворид намудани асъори қалбакӣ машғул будааст.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти як сокини шаҳри Қўқанд, ки майли иштирок дар созмони байналмилалии террористӣ нишон додааст, пешгирӣ карда шуд.
Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 июли соли 2025 № ҚП-231 оид ба тарғиби васеи дастовардҳои санъати мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ миёни аҳолӣ чораҳои иловагӣ муайян карда шуданд.
Дар доираи сафари ҳайати тиҷоративу иқтисодии шаҳри Шанло (вилояти Шэнси, ҶМЧ) ба Ӯзбекистон, миёни шаҳри Шанло ва маркази маъмурии вилояти Фарғона — шаҳри Фарғона, протокол оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид.
Аз 19 то 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯқанд Фестивали III байналмилалии ҳунарҳои дастӣ ва дар ноҳияи Риштан Форуми II байналмилалии кулолгарӣ баргузор мешавад.
Ҳоло алайҳи ин афрод бар асоси моддаҳои 159, 244, прим 1 ва 244, прим 2-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо ҳайати намояндагон таҳти роҳбарии сармоягузори чинӣ Юан Янпин мулоқот анҷом дод.
Дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи сӯзишворипуркунии воқеъ дар вилояти Фарғона, чор нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафар боздошт шуданд.