20 октябр Президент Шавкат Мирзиёев аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуда, бо корҳои ба муаррифии васеи мероси ғании таърихиву маънавии халқи мо тавассути экспозитсияҳои ин ҷо равонашуда шинос шуд.
Ин лоиҳаи бузург ва нодир бар асоси қарори Президенти Ӯзбекистон аз 23 июни соли 2017 оғоз ёфта, рӯзи Иди Рамазони соли 2018 ба он санги асос гузошта шуда буд. Ҳоло корҳои бунёдкорӣ ба марҳалаи ниҳоӣ расидаанд.