Дар натиҷа шумораи умумии кишварҳои аъзои IOFS ба 43
расид, ки ба гуфтаи созмон, ин як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории кишварҳои
Созмони ҳамкории исломӣ (ОИС) дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад,
хабар медиҳад ИА «Дунё».
Маросими имзои Оинномаи IOFS дар шаҳри Боку дар доираи
Намоишгоҳ ва форуми 19-уми байналмилалии кишоварзии Озарбойҷон баргузор гардид.
Оинномаро вазири кишоварзии Озарбойҷон Меджнун Мамедов ва вазири кишоварзии Ӯзбекистон
Иброҳим Абдураҳмонов имзо карданд.
Дар IOFS қайд карданд, ки ҳамроҳшавии Озарбойҷон ва Ӯзбекистон
тавсеаи стратегии созмон буда, имкониятҳои кишоварзӣ ва таҷрибаи онро дар соҳаи
рушди агросаноатӣ ва навовариҳо тақвият медиҳад.
Созмон аллакай бо иштирокчиёни нав дар як қатор самтҳо ҳамкорӣ
дорад, аз ҷумла навовариҳои кишоварзӣ, рушди занҷираҳои арзиши иловашуда,
муборизаи фаромарзӣ бо ҳашароти зараррасон, идоракунии рақамии захираҳои об,
усулҳои аз ҷиҳати экологӣ устувори пешбурди кишоварзӣ, инчунин мубодилаи дониш
ва ҳамоҳангсозӣ дар масъалаҳои устувории низомҳои озуқаворӣ.
IOFS таъкид кард, ки узвият ба кишварҳо дастрасӣ ба ҳамкории
техникӣ, муколамаи сиёсӣ ва иштирок дар ташаббусҳои минтақавиро фароҳам меорад,
ки ба таҳкими амнияти озуқаворӣ равона шудаанд.
Созмон инчунин изҳор дошт, ки тавсеаи узвият афзоиши эътимоди
кишварҳои ОИС-ро ба нақши он ҳамчун платформаи махсусгардонидашуда дар соҳаи
амнияти озуқаворӣ ва кишоварзии устувор нишон медиҳад, ҳамчунин гузариш аз
муколамаи сиёсӣ ба лоиҳаҳои амалӣ мебошад.
IOFS аз дигар кишварҳои ОИС, ки ҳанӯз ба созмон ҳамроҳ нашудаанд,
даъват кард, ки имкони узвиятро баррасӣ намоянд ва бартариҳои иштирок дар
барномаҳои муштарак, кумаки техникӣ ва ташаббусҳои минтақавиро таъкид кард.