Ба аъзои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Ӯзбекистон оид ба футбол
Фарзандони азизам! Шуморо барои иштироки бомуваффақият дар мусобиқаи бонуфуз дар байни футболбозони то 17-сола, ки дар майдонҳои Арабистони Саудӣ баргузор гардид ва ба даст овардани ҷоизаи бузург – Ҷоми Осиё аз номи халқамон ва шахсан аз номи худам аз таҳти дил самимона табрик мекунам.