Коршиносон ба оқибатҳои вуруди эҳтимолии Ӯзбекистон ба ИИАО баҳо медиҳанд

    Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) паёмадҳои узвияти эҳтимолии Ӯзбекистонро ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) арзёбӣ карданд.

    Ба гуфтаи онҳо, вуруди ин кишвар ба ИИАО ба он як қатор афзалиятҳо хоҳад дод, менависад "Коммерсант".

    Якум, ба гуфтаи коршиносон, ҳаҷми солонаи сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз ИИАО ба Ӯзбекистон метавонад 1-1,5 миллиард долларро ташкил диҳад. Ин банди иловагии 0,3-0,4 фоизии афзоиши ММД воқеии ҷумҳуриро дар як сол фароҳам меорад. Таҳлилгарони БАОР қайд мекунанд, ки Ӯзбекистон аз аз нуқтаи назари васеъ гардондани тиҷорат ва равона кардани сармоягузории мустақими хориҷӣ аз кишварҳои мавҷудаи иттиҳод ҷолиб аст, зеро ҷумҳурӣ дорои захираҳои назарраси табиӣ ва меҳнатӣ, инчунин пойгоҳи истеҳсолӣ мебошад. Ҷалби сармоягузорӣ, дар навбати худ, ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат дар Ӯзбекистон ҳам аз ҳисоби таҷдиди инфрасохтори ҷисмонӣ ва ҳам ба туфайли татбиқи технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард.

    Дуввум, тавре ки аз ҳисобот бармеояд, дастрасӣ ба бозори умумии меҳнати ИИАО ба ҳисоби миёна ба Ӯзбекистон имконияти иловагӣ дар як сол ворид намудани 1,5-2 миллиард долларро фароҳам меорад, саҳми иловагӣ ба афзоиши солонаи воқеии ММД 0,3-0,4 банди фоизиро ташкил хоҳад дод. Афзоиши ҳаҷми интиқоли пул боиси баланд шудани некӯаҳволии аҳолии Ӯзбекистон мегардад, ки ин дар навбати худ ба талаботи истеъмолкунандагон таъсири мусбат мерасонад. Тибқи дурнамои коршиносони ИИАО муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои узви ИИАО оқибатҳои манфии иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистонро, ки дар натиҷаи бекорӣ ва шуғли нопурра ба вуҷуд омадааст, коҳиш медиҳад.

    Ва сеюм, тавре ки коршиносон пешгӯӣ мекунанд, тавсеаи тиҷорати дохили саноатӣ ва ҳамкории саноатӣ байни Ӯзбекистон ва кишварҳои ҳозираи узви ИИАО ба диверсификатсияи сохтори иқтисодиёт ва сабади содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар охири соли 2020 содироти ҷумҳурӣ ба кишварҳои узви ИИАО 3 миллиард долларро ташкил дод. Таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, ки агар Ӯзбекистон ба иттиҳод шомил шавад, ин рақам метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates