Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эътимодномаҳои сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср Тамер Фатҳӣ, Ҷумҳурии Италия Пиергабриэл Пападиа де Боттини, Ҷумҳурии Қирғизистон Дуйшонкул Чотонов, Ҷумҳурии Беларус Александр Огородников, Гурҷистон Давид Котария ва Ҷумҳурии Туркия Уфук Улуташро қабул намуд.
Сарвари давлати мо роҳбарони намояндагиҳои дипломатиро бо оғози рисолати пуршарафи худ дар Ӯзбекистони Нав самимона табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки дар давраи муосири шиддат гирифтани низоъҳо ва афзоиши рақобати геосиёсӣ дар ҷаҳон, дастгирии мутақобилаи давлатҳои дӯст беш аз ҳарвақта муҳим мебошад.
Дар чунин шароит Ӯзбекистон бо сиёсати хориҷии кушода ва прагматикӣ эҳтироми мутақобил ва дӯстиро таҳким бахшида, шарикии амалиро бо давлатҳои тамоми минтақаҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии глобалӣ ривоҷ медиҳад.
Президент махсус зикр намуд, ки бо шарофати иродаи умумии сиёсӣ Осиёи Марказӣ ба минтақаи ҳамсоягии нек, эътимод ва ҳамгироӣ табдил меёбад.
Имсол Ӯзбекистон раёсати Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба уҳда дошта, барои омодагӣ ба ҳамоиши таърихӣ дар шаҳри Тошканд тадбирҳо меандешад.
Таъкид шуд, ки бо назардошти тағйироти босуръати ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ ба минтақаи мо афзоиш ёфта, минбари муколамаи «Осиёи Марказӣ плюс» густариш меёбад.
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо аввалин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва моҳи май дуюмин вохӯрӣ дар формати «Осиёи Марказӣ – Кишварҳои арабии Халиҷ» баргузор хоҳад шуд.
Зикр гардид, ки дар солҳои охир бо ташаббуси Ӯзбекистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид 11 қатънома қабул шудааст.
Соли ҷорӣ дар кишвари мо ҷашни 150-умин солгарди Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва 43-юмин Конфронси генералии ЮНЕСКО баргузор хоҳад шуд. Инчунин, соли 2027 Ӯзбекистон раёсати Ҷунбиши бетарафиро ба уҳда мегирад, ки ин боз як далели нуфузи рӯзафзуни кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷӣ 35 миллиард долларро ташкил дод, содирот бошад, аз 27 миллиард доллар гузашт. Ҳоло омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тошканд идома дорад, ки дар шакли нави инноватсионӣ баргузор хоҳад шуд.
–Ҳадафи асосии ислоҳоти мо – таъмини манфиатҳои ҳар як шаҳрванд ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ, ташкили «иқтисодиёти оянда» ва инфрасохтори пешрафта, муҳайё намудани муҳити ҷолиби сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Мо иқтидор ва имкониятҳои кофӣ дорем, ва муҳимтар аз ҳама, иродаи қавӣ ва сиёсии мо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои бузург ва нақшаҳои дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» пешбинишударо амалӣ гардонем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ба ҳукуматҳои кишварҳое, ки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ онҳоро намояндагӣ мекунанд, барои дастгирии узвияти Ӯзбекистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳори сипос карда шуд.
Ба сафири Ҷумҳурии Мисри Араб муроҷиат намуда, сарвари давлат қайд кард, ки Миср шарики боэътимоди Ӯзбекистон дар Ховари Миёна мебошад.
Машваратҳои сиёсии байнидавлатӣ мунтазам баргузор мешаванд. Соли гузашта ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва 3 форуми бузурги тиҷоратӣ бомуваффақият баргузор гардиданд. Ҳамкории ширкатҳои пешсафи ҳарду кишвар густариш меёбад.
Таъкид шуд, ки сафари Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба кишвари мо як рӯйдоди муҳим барои оғози давраи нави муносибатҳои дуҷониба хоҳад буд.
Дурнамои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, кимиё, кишоварзӣ, геология, сайёҳӣ, саноати бофандагӣ ва дигар бахшҳо бо иштироки ташкилотҳо ва ширкатҳои пешрафтаи Миср зикр гардид.
Сарвари давлати мо ташаббуси Президенти Мисрро дар мавриди қабули нақшаи барқарорсозии Ғазза, ки дар ҳамоиши охирини Лигаи Давлатҳои Араб пешниҳод шуда буд, баланд арзёбӣ кард.
Роҳбари Ӯзбекистон инчунин изҳор дошт, ки Италия – шарики муҳими стратегӣ бо иқтидори бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Дар айни замон бо ширкатҳои итолиёвӣ лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетикаи «сабз», кимиё, мошинсозӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, маориф ва сайёҳӣ бомуваффақият татбиқ мегарданд.
Муколамаи вазирони корҳои хориҷӣ дар формати «Италия – Осиёи Марказӣ» идома дорад. Филиалҳои Донишгоҳи политехникии Турин ва Донишгоҳи Пизан дар Тошканд самаранок фаъолият мекунанд.
Соли гузашта аввалин Форуми донишгоҳҳои пешрафта баргузор гардид. Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Рим ва Виареджио Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон доир шуданд.
Дар ояндаи наздик ҷаласаи Гурӯҳи байниҳукуматии корӣ ва форуми тиҷоратӣ баргузор мегардад, инчунин губернатори Ломбардия ба Ӯзбекистон сафар намуда, ҷаласаи Шӯрои минтақавӣ баргузор хоҳад шуд. Илова бар ин, аҳамияти таъсиси фонди муштараки сармоягузорӣ таъкид гардид.
Ҳадафи асосӣ ташкили сафари ҷавобии Сарвазири Италия ба кишвари мо муайян шудааст.
Қирғизистон ҳамсояи наздик ва шарики стратегии Ӯзбекистон мебошад.
Ҳаҷми гардиши мол дар солҳои охир 4 баробар афзуда, шумораи корхонаҳои муштарак ба 300 расидааст. Дар минтақаҳо заводи мошинсозӣ, фабрикаҳои бофандагӣ, марказҳои тиббӣ ва агрокластерҳо ба фаъолият оғоз карданд.
Рӯйдоди муҳим ва таърихӣ оғози сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон дар моҳи декабри соли гузашта гардид.
Ҳамин моҳ дар шаҳри Хуҷанд саммити сеҷониба бо иштироки роҳбарони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Зарурати таъмини натиҷабахшии фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва байнипарлумонӣ, Форуми байниминтақавӣ ва Шӯрои соҳибкорон таъкид гардид.
Дар солҳои охир ҳамкории Ӯзбекистон ва Беларус ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Сафари расмии Президенти Беларус Александр Лукашенко ба кишвари мо дар моҳи феврали соли гузашта ба густариши минбаъдаи шарикии гуногунҷанба такони иловагӣ дод.
Ҳаҷми муомилоти мол афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои муштарак ба 240 расидааст. Дар наздиктарин фурсат машваратҳои сиёсӣ, ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ баргузор хоҳанд шуд.
Сарвари давлат махсус таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, саноати электротехникӣ, саноати сабук, тандурустӣ, сохтмон ва коммуналӣ бояд тақвият дода шаванд.
Аҳамияти сермаҳсул баргузор кардани форумҳои байниминтақавӣ, тиббӣ ва таълимӣ ишора гардид.
Президенти Ӯзбекистон қайд кард, ки Гурҷистон шарики боэътимоди мо дар Қафқози Ҷанубӣ мебошад.
Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол 50 фоиз афзуд. Ҳаҷми боркашонӣ зиёд шуда, ҳамкориҳо дар соҳаи бонкдорӣ мустаҳкам мегарданд.
Робитаҳо дар сатҳи ҳукуматҳо ва парлумонҳо фаъолтар шуда, мубодилаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ густариш меёбанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ӯзбекистон, ки ба қарибӣ анҷом ёфт, марҳалаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаро оғоз хоҳад кард.
Ба афзоиши куллии муомилоти мол, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои логистика ва транзит, сайёҳӣ, фармасевтика, кишоварзӣ ва саноати нассоҷӣ диққати махсус дода шуд.
Аҳамияти баргузор кардани форуми тиҷоратии минтақавӣ, ярмаркаҳои маҳсулоти миллӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ дар соли ҷорӣ таъкид гардид.
Ба сафири Туркия муроҷиат намуда, сарвари давлати мо зикр кард, ки бо шарофати муколамаи фаъоли сиёсӣ, муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳамаҷониба расидаанд.
Соли гузашта муомилоти мол ба 3 миллиард доллар расида, ҳаҷми сармоягузориҳои истифодашуда 2 миллиард доллар ва шумораи ширкатҳои муштарак 2 ҳазорро ташкил дод. Бо ширкатҳои пешрафтаи Туркия лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт амалӣ мегарданд. Дар шаҳри Тошканд Донишгоҳи байналмилалии давлатҳои туркӣ таъсис дода мешавад.
Аҳамияти соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор кардани ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории стратегӣ дар сатҳи олӣ барои пешбурди самтҳои нави ояндадору лоиҳаҳои мушаххас таъкид гардид.
Дар поёни маросим сарвари давлати мо ба сафирони тозатаъин дар иҷрои рисолати пурифтихору масъулиятнокашон комёбиҳои бузург таманно карда, онҳоро ба истифодаи самараноки тамоми имкониятҳо барои таҳкими ҳамкорӣ даъват намуд ва тавсия дод, ки бо минтақаҳо ва бахши хусусӣ фаъолона ҳамкорӣ намоянд.
Аз ҷониби худ, дипломатҳои мазкур барои қабули гарм ва шароити мусоид барои фаъолияти самаранок изҳори сипос намуда, омодагии худро барои истифодаи тамоми таҷрибаи касбӣ ва дониши худ баҳри пешбурди ҳамкории гуногунҷанба бо Ӯзбекистон таъкид карданд.