Ба шарофати субот ва фазои мусоиди сармоягузорӣ равобити иқтисоди хориҷии кишварамон пайваста инкишоф меёбад. Аз ҷумла, дар соли 2021 ба маблағи умумии беш аз 10 миллиард доллар сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 8 миллиарду 100 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб шудааст. Дар натиҷа 318 лоиҳаи бузург ва беш аз 15 ҳазор минтақавӣ ба кор дароварда, зиёда аз 273 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуданд. Ин корхонаҳо қодиранд, содиротро ба 1 миллиард доллар таъмин кунанд ва 530 миллион доллари воридотро иваз кунанд.
Албатта, пандемияи коронавирус ба равандҳои иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ба ин нигоҳ накарда, афзоиши динамикии содирот ба даст оварда мешавад. Ҳамин тариқ, агар дар соли 2020 ҳаҷми содирот 9 миллиард долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 он ба 12 миллиард доллар расид. Ҷолиби диққат аст, ки вазни қиёсии маҳсулоти тайёр ва нимтайёр дар структураи он хеле афзуд.
Дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи беш аз 9,5 миллиард доллар ҷалб карда, 282 лоиҳаи калон ва беш аз 9000 лоиҳаи минтақавӣ ба кор дароварда, содирот ба 14 миллиард доллар расонда шавад.
Дар вохӯрӣ шахсони масъул оид ба тадбирҳое, ки дар соҳаҳо ва минтақаҳо ҷиҳати ноил шудан ба ин нишондодҳо андешида мешаванд, маълумот доданд.
Сарвари давлат дастур дод, ки аз болои ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ назорати доимӣ ба роҳ монда, ба ташаббускорон кумак расонида, онҳо сари вақт ба истифода дода шаванд.
Сатҳи пасти ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар соҳаҳои туризм, тибб ва мошинсозӣ, байни минтақаҳо – дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ ва Хоразм қайд карда шуданд. Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки барои онҳо барномаҳои алохида тартиб дода, маблағҳои иловагӣ равона карда шаванд.
Президент ба масъалаҳои рушди истеҳсолоти саноатӣ ва кооператсия алоҳида истода гузашт. Барои васеъ намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон супоришҳо дода шуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ба хариди маҳсулоти корхонаҳои маҳаллӣ, ки истеҳсоли молҳоеро, ки дар мамлакати мо истеҳсол карда намешаванд, азхуд кардаанд, кафолат дода мешавад. Муҳим будани ба ин раванд ҷалб намудани ёварони ҳокимон қайд гардид.
Дар бобати инкишоф додани кооператсияи саноатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи маҳаллӣ супоришот дода шуданд.
Муҳимияти таъмини шаффофият ва пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, роҳ ва дигар инфрасохторҳо, ки бевосита ба сифати зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонанд, таъкид гардид.
Зарурати ҷалби грантҳои хориҷӣ ба соҳаи тандурустӣ, фонди трастӣ оид ба ноҳияи Арал ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ зикр гардид.
Ба масъалаи дохил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо низ дахл карда шуд.
Пеш аз интихоботи президентӣ Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки дар ҳар як ноҳия гурӯҳҳои лоиҳавӣ ва ширкатҳои холдинг ташкил карда мешаванд. Дар ҷамъомад муаррифии корҳои ҷорӣ оид ба татбиқи низоми мазкур сурат гирифт.
Сарвари давлат зарурати омўзонидани мутахассисони гурўҳҳои лоиҳаро барои кор аз рўи низом ва методологияи ягона таъкид намуд.
Масъалаҳои содирот муфассал таҳлил карда шуданд. Муҳимияти таваҷҷуҳи махсус додан ба рушди саноат ва истифодаи имкони иловагии пешгӯӣ дар ин соҳа таъкид шуд.
Чӣ хеле ки маълум аст, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 июли соли 2021 Агентии рушди стратегӣ таъсис шуда буд. Ба зиммаи агентӣ вазифаҳои зиёд, аз ҷумла омӯзиши масъалаҳои стратегии ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳо, муайян намудани самтҳои ояндадори фаъолияти сармоягузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти соҳаҳои иқтисодӣ дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори сармоягузории минтақаҳо гузошта шудааст.
Дар ҷамъомад доир ба сохтори агентӣ, корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои соли ҷорӣ маълумот дода шуд.
Дар айни замон раёсатҳои агентӣ ташкил карда шуда, онҳо бо мутахассисони соҳибихтисос, ташаббускор – хатмкунандагони донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ таъмин мебошанд.
Нақшаи кори агентӣ барои соли ҷорӣ аз 18 чорабинии муҳим иборат аст. Ҷорӣ намудани механизми нави пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо роҳи коҳиш додани иқтисодиёти хуфиёна, ҷорӣ намудани рейтинги иқлими сармоягузории минтақавӣ, ба кор андохтани платформаи онлайн оид ба муайян ва ҳалли мушкилоти системавии соҳибкорон, таҳияи стратегияи ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ якҷоя бо Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумлаи онҳост.
– Агентии мазкур барои тавсеаи ҳаҷми сармоягузорӣ ва иқтидори содиротӣ замина фароҳам овард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки оид ба рушди стратегии минтақаҳо ва соҳаҳо, ҷалби мутахассисону мушовирони соҳибихтисос аз хориҷи кишвар ба ин раванд “харитаи роҳ” тартиб дода шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Барои ташкили методология дар соҳаи рушди стратегӣ ва татбиқи он дар ҳар як минтақа ва соҳа вазифаҳои мушаххас муайян шуданд.