Дар асри мо экология ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст. Олуда шудани ҳаво ва об, таназзули заминҳо, биёбоншавӣ ва гармшавии глобалӣ ба тавозуни табиат ва саломатии инсонҳо зарар мерасонанд. Дар кишвари мо оқибатҳои ин мушкилотро пешакӣ дарк намуда, чораҳои ҳифзи муҳити зистро оғоз карданд.
Лоиҳаи умумиҷумҳуриявии «Макони сабз», ки се сол пеш бо ташаббуси сарвари давлатамон шурӯъ гардид, ба як ҳаракати мардумӣ табдил ёфт. Анъанаи дарахтшинонӣ ҳар баҳору тирамоҳ эҳё мешавад.
Президент дар ин кор шахсан намуна нишон медиҳад. Дар солҳои қаблӣ ӯ дар Тошканди нав, ноҳияҳои Сергелӣ ва Чилонзори пойтахт ниҳол шинонда буд. Имсол дар ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд дар канори шоҳроҳи ҳалқаии Тошканд камарбандии сабз бунёд гардид.
Барои ин 100 гектар замин ҷудо карда шуда, дар ду сол 100 ҳазор ниҳоли дарахт ва бутта шинонда мешавад. Барои обёрии онҳо 3 кӯли сунъӣ ва 12 чоҳ сохта шудаанд.
Тавре маълум аст, дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» ҳадаф гузошта шудааст, ки сатҳи сабзкории шаҳрҳо то 30 фоиз расонида шавад, хусусан, атрофи онҳо бо камарбандии сабз фаро гирифта шавад. Ин минтақаи атрофи шоҳроҳи ҳалқаӣ қисми камарбандии сабзи шаҳри Тошканд мегардад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи он ташкили экосистемаи табиии ҷангал мебошад.
Роҳбари давлат бо намояндагони ҷамъият ва дипломатҳои хориҷӣ мулоқот намуда, барои саҳми онҳо дар ин ташаббуси нек миннатдорӣ изҳор намуд.
– Ин анъана дар миёни халқи мо чуқур реша давондааст. Мо табиатро «модар» меномем ва ба замин ва об бо эҳтиром муносибат зоҳир мекунем. Имрӯз, дар пасманзари мушкилоти муҳими экологӣ, ин ҳақиқат боз ҳам аёнтар мешавад. Маҳз барои ҳамин лоиҳаи «Макони сабз» пешниҳод гардид ва соли оянда Соли ҳифзи муҳити зист эълон карда шуд. Акнун муҳим аст, ки ин ташаббусҳо густариши васеъ пайдо кунанд ва махсусан дар байни ҷавонон амиқ реша давонанд. Ҳар як оила, ҳар як корхона бояд дар ҳифзи табиат саҳми худро гузорад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ҷомеаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо тавассути иртиботи видеоӣ чорабиниро мушоҳида карданд. Дар он ҷо низ дарахт шинонда шуд. Дар ин мавсими тирамоҳӣ дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» шинондани 80 миллион ниҳоли дарахт ва бутта ба нақша гирифта шудааст.
Дар баҳор 138 миллион ниҳол шинонда шуда буд. Вазоратҳо ва ҳокимиятҳо 257 боғ таъсис доданд. Дар атрофи корхонаҳои бузурги саноатӣ ва партовгоҳҳо низ дарахт шинонда шуда, камарбанди сабз бунёд мегардад.
Ба тақрибан 10 ҳазор нафар сокинон ва соҳибкорон дар асоси шартномаи иҷора заминҳои шафати роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, дарёҳо ва каналҳо барои шинондани дарахт ҷудо карда шуданд. Дарахтшинонии марҳилавӣ дар доираи 215 лоиҳае, ки дар лоиҳаи «Боғи ман» ғолиб дониста шудаанд, шурӯъ гардид.
Дар маҷмӯъ, дар се соли охир дар саросари кишвар 646 миллион ниҳоли дарахт ва бутта шинонда шуд. Дар минтақаи баҳри Арал масоҳати ниҳолҳои сабз аз 2 миллион гектар гузашт.