Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бунёди рушди Маданият ва санъати назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварамон бист экспонат аз коллексияи Музеи давлатии санъат ва Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд ба намоиш гузошта шуд. Инҳо сӯзаниҳо, чапонҳо ва ҷавоҳироти ӯзбекӣ мебошанд.
«Мо ифтихор дорем, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «Осиёи рангоранг: намоишгоҳи либосҳои осиёӣ», бахшида ба Бозиҳои XIX осиёӣ иштирок мекунем. Баргузории он дар Осорхонаи абрешими ҷаҳон барои мо махсусан арзишманд аст, зеро кишварҳои моро таърихи ҳадди ақал се ҳазорсолаи ин ҳунар муттаҳид мекунад”, - гуфт Ёвари Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева.
«Дар рафти савдо, аз ҷумла абрешим, муносибатҳои наздики дипломатӣ ба вуҷуд омада, фарҳангҳо ба ҳам мепайванданд ва табодули технологияҳо сурат гирифт, ки ба рушди мутақобила ва шукуфоии иқтисодӣ дар Роҳи бузурги абрешим мусоидат карданд. Шояд ин бештар ба он вобаста бошад, ки анъанаҳо ва арзишҳои аслии мо ба ҳам монанд мешаванд. Мехоҳам ба дӯстони хитоиамон барои меҳмоннавозӣ ва шавқу ҳавасашон ба маданияти ӯзбек арзи сипос намоям. Таърихи абрешими мо ҷузъи ҷудонашавандаи мероси умумии фарҳангии мост ва ин намоишгоҳ имкони бузургест барои нишон додани ин”, - гуфта мешавад дар изҳорот.