Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 31 июли соли 2019 низоми нави дастгирии давлатии соҳаи истеҳсолот ва хариди техникаи кишоварзӣ офарида шуд. Ин натиҷаҳои худро медиҳад, деҳқонон ба таҷҳизоти сермаҳсул таъмин мегарданд. Аз ҷумла, танҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ барои харидани 1,6 ҳазор дона техника ба маблағи 23 миллиард сӯм субсид ҷудо карда шуд.
Дар натиҷаи таҷдиди корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар соли 2021 анҷом дода шудаанд, арзиши тракторҳо 4,6 ҳазор доллар коҳиш ёфт. Ба туфайли ин корхонаҳои соҳа, ки пеш бо зарар кор мекарданд, ба фоида баромаданд.
Ба мақсади рушди соҳа дар асоси кластери саноатӣ дар Чирчиқ кластери техникаи кишоварзӣ ташкил карда мешавад. Имрӯзҳо ба ин ҷо таҷҳизоти собиқ заводҳои «Технолог» ва «Агрегат» пурра кӯчонда шудааст.
Зимни муаррифӣ корҳо дар ин самт ва нақшаҳои оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
– Техникаи хоҷагии қишлоқ соҳаи калон ва муҳим аст. Самаранокӣ ва таъминоти озуқаворӣ ба он вобаста аст. Дар бобати азхуд намудани таҷҳизоти замонавӣ, сифат ва хидматрасонӣ ҳанӯз корҳои зиёдро анҷом додан лозим аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Барои ташкили кори муназзам қарор дода шуд, ки комиссия оид ба техникаи кишоварзӣ таҳти роҳбарии Сарвазир таъсис дода шавад.
Зикр гардид, ки пеш аз ҳама дар Чирчиқ дар асоси иктидорхои ба кластер додашуда истеҳсоли култиваторҳо, тухмипошакҳо, алафдаравҳо, чизелҳо, боронаҳо ба роҳ монда шавад. Инчунин кӯчондани заводи трактори Тошканд ва роҳандозии кластер дар моҳи январи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. То ин дам омӯхтани талаботи агрокластерҳо ва фермерон, ташаккул додани фармоишҳои дақиқ муҳим аст, таъкид ёфт дар чорабинӣ.
Имрўз талабот ба техника барои нивелиркунии лазерӣ баланд аст. Ба ин муносибат ба масъулин супориш дода шуд, ки истеҳсоли чунин техникаро ба роҳ монанд. Супориш дода шуд, ки аз тракторҳои куҳнашуда тамоман даст кашида, модели нави ватании трактор ба вуҷуд оварда шавад.
Таъкид гардид, ки истифодаи комбайнҳо дар пахтачинӣ имсол ба 35 дарсад ва дар соли 2023 ба 50 дарсад мерасад.
Инчунин имкониятҳо мавҷуданд, ки то охири сол дар Андиҷон сехи рехтагарӣ ба кор андохта, 90 хели ҷузъҳо маҳаллӣ гардонда, арзиши аслии техника камаш 12 фоиз арзон карда шавад.
Мушкилоти дигаре, ки фермерону деҳқононро ба ташвиш меорад, таъмир, ҷустуҷӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва хидматрасонии техникӣ ба техника мебошад. Ба ин муносибат Президент зарурати созмон додани низоми маҷмӯгии фурӯш ва хидматрасонӣ дар мошинсозӣ, ташкили марказҳои хидматгузорӣ ва 100 гурӯҳи мобилиро дар 14 минтақа қайд намуд.
Вазифаҳо оид ба тайёр кардани мутахассисон оид ба истифодабарии техникаи нав ва умуман механиконии хоҷагии қишлоқ муайян карда шуданд.