Шарафёбгардонии қаҳрамонони олимпӣ

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 август бо ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ вохӯрд.

    Дар чорабинӣ ҳамчунин роҳбарони Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ, мураббиён, волидони варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

    Бозиҳои олимпии соли 2024 аз 26 июл то 11 август дар пойтахти Фаронса Париж баргузор шуданд. Дар онҳо қариб 11 ҳазор нафар спортсменҳои зиёда аз 200 мамлакат иштирок доштанд. Ӯзбекистон бо 90 варзишгар аз рӯи 19 намуди варзиш қувваозмоӣ кард. Ин мусобиқаҳои бонуфуз барои мо аз рекордҳо ва дастовардҳои бесобиқа бой буданд.

    Сарвари давлатамон нутқ эрод намуда, варзишгаронро бо ин ғалабаи таърихӣ табрик гуфт.

    Дар муборизаи пуршиддат мардонагӣ ва матонати баланд нишон дода, шумо 8 медали тилло, 2 нуқра, 3 медали биринҷӣ ба даст овардед, ки ин натиҷаи ҷолиби диққат аст, ки аз иқтидори баланди тараққиёти мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад. Ин ғалабаи таърихӣ бори дигар нишон дод, ки ҷавонони Ӯзбекистони Нав ба чӣ гуна комёбиҳои бузург қодиранд. Кишвари мо дар ҳисоби умумидастаӣ миёни кишварҳои ширкаткунанда ҷои 13-ум, дар қитъаи Осиё ҷойи 4-ум ва миёни кишварҳои туркию исломӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои 1-умро ишғол кард. Ин натиҷаҳо, ки дар таърихи Ӯзбекистон бемисл буданд, ҳамаи моро хеле шод гардонд, гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Барои варзишгарону мураббиён тамоми шароит фароҳам оварда шуда, муносибат ба тарбияи варзишгарон дигар карда шуд. Дар ҷаласае, ки моҳи августи соли 2021 баргузор шуд, ҳадаф гузошта шуда буд, ки дар Олимпиадаи оянда ба понздаҳ кишвари беҳтарин ворид шаванд. Мамлакати мо ин вазифаро бошарафона иҷро карда, дар ҷаҳон ҷои 13-умро гирифт.

    Тавре дар нашрияи бонуфузи Financial Times қайд шудааст, медалҳои олимпӣ ва дастовардҳои кишвар дар ҷаҳони варзиш аз сатҳи рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва рушди инсонӣ шаҳодат медиҳад.

    Ба аҳамияти ҳар як комёбӣ, ҳар як нишондиҳандаи баланд дар бозиҳои олимпӣ аз будаш зиёд баҳо додан мумкин нест. Воқеан, дар чунин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ, ки ҳар чор сол як маротиба баргузор мегардад, таваҷҷуҳи ҳар як кишвар ба варзиш, неруи ҷисмонӣ ва маънавии миллат баръало зоҳир мегардад.

    Нахустин медали тиллоро Диёра Келдиёрова ба даст овард. Вай дар таърихи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аввалин зани ӯзбек буд, ки медали тилло ба даст овард.

    Боз як духтари диловари мо Светлана Осипова аввалин медали нуқраро дар таэквондо ба даст оварда, дар таърихи спорти занони мамлакат саҳифаи нав кушод.

    Ӯзбекистон бори нахуст дар Бозиҳои олимпии таэквондо 2 медал ба даст овард. Дастаи мунтахаби мо дар таърихи худ натиҷаи беҳтаринро сабт карда, дар ҳисоби даставӣ мақоми 3-юмро гирифт. Варзишгари боистеъдоди мо Улугбек Рашитов дар таърихи ҳаракати олимпӣ ҷавонтарин чемпиони дукаратаи олимпӣ оид ба таэквондо гардид.

    Дар Бозиҳои олимпии кунунӣ Ӯзбекистон дар таърихи худ дар риштаи дзюдо аз ҳама бештар медал ба даст овард. Баъди танаффуси 12-сола дар гӯштини тарзи озод боз медали тилло ба даст оварда шуд.

    Тими миллии бокси мо аз рӯи шумораи медалҳои тилло рекорди кишварро шикаст дода, дар ҳисоби даставӣ ҷои 1-умро гирифт. Аз ҳафт медали тилло дар байни мардон панҷтоаш насиби боксчиёни мо гардид.

    Умуман, дар маркази Аврупо 8 маротиба гимни Ӯзбекистон ба ифтихори варзишгарони мо садо дода, парчами кишварамон 13 маротиба баланд бардошта шуд.

    Президент таъкид кард, ки ин натиҷаҳои баланд боиси ифтихори бузурги мардуми мо гардид, ва ба варзишгарон муроҷиат намуд:

    Дар ин рӯзҳо тамоми мардуми мо дар муҳити ҷашни Истиқлолият зиндагӣ мекунанд. Ғалабаҳои дурахшони шумо ба таври ҳаққонӣ ба иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз туҳфаи арзанда гардиданд. Шумо дар дили мардуми мо ифтихори миллиро афзун кардед. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки чунин ғалабаҳои дурахшон халқи моро боз ҳам бештар рӯҳбаланд ва муттаҳид мекунанд. Онҳо барои ҷавонон мактаби шуҷоат ва шӯҳрат мегарданд. Шаъну шараф бар шумо!

    Сарвари давлат ба варзишгарон, тренерҳову мураббиёни онҳо ва аъзои ҳайати варзишӣ изҳори сипос кард. Ӯ ба варзишгарони суботкори мо, ки дар ин рӯзҳо дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат мекунанд, қувват ва барор орзу кард.

    Дар мулоқот ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Зарурати пурзӯр намудани фаъолияти федератсияҳои спорти обӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, тирандозӣ ва камонварӣ, гимнастика қайд карда шуд. Имкониятҳои чунин намудҳои командавии варзиш, ба монанди хоккей, баскетбол, тӯби дастӣ, регбӣ, тӯббозии обӣ ба қадри кифоя истифода намешаванд. Дар гӯштини юнонию румӣ, аспдавонӣ, панҷҳарбаи ҳозиразамон, триатлон, шамшербозӣ, заврақронӣ, велосипедронӣ ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда бисёранд.

    Таъкид шуд, ки ин федератсияҳои спортӣ бояд хулосаҳои дахлдор бароранд ва ба Олимпиадаи дар пешистода тайёрии калон бинанд.

    Қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ барномаҳои калони тайёр кардани варзишгарон қабул карда мешаванд. Ба ҳар як самт мутахассисони соҳибихтисос аз хориҷа дар соҳаи тибби варзишӣ, фармакология, парҳезгорӣ, психология ва муҳандисӣ ҷалб карда мешаванд. Дар деҳаи олимпӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ низоми махсуси баргузории мусобиқаҳо ва машқҳо таъсис дода мешавад. Дар ҳар як вилоят аз рӯи ҳар як намуди варзиш муассисаҳои махсуси варзишӣ, ба монанди мактаби Баҳодир Ҷалолов ва Оксана Чусовитина ташкил карда мешаванд.

    Илова бар ин, барномаи махсус барои муайян кардани истеъдодҳои нав дар маҳалҳо, хусусан маҳаллаҳо ва омодагии мақсадноки онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дар асоси интихоби мақсаднок ҷорӣ карда мешавад.

    Ба 15 маркази таълимии варзишгарони олимпӣ ва паралимпӣ, 6 мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва 56 мактаби махсуси варзишии дорои инфрасохтори зарурии варзишӣ мураббиёни маҳаллӣ ва хориҷӣ вобаста карда мешаванд.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки рушди варзиши оммавӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаракати миллии олимпӣ гардад. Ба ҳукумат супориш дода шуд, ки дар ин самт пешниҳодҳои дахлдор таҳия намояд.

    Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 августи соли ҷорӣ як гурӯҳ варзишгарону мураббиёне, ки дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар Париж ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд, бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд.

    Дар чорабинӣ маросими ботантана супурдани ин мукофотҳои олӣ барпо гардид.

    Варзишгарону мураббиёне, ки ба сухан баромаданд, падару модарон барои эҳтиром ва таваҷҷуҳи баланд ба Сарвари давлатамон изҳори сипос намуданд.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates