Зимни мулоқот ба масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Олмон эътибори алоҳида нигаронда шуд. Табодули афкор бинобар мавзӯи муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ ба вуқӯъ пайваст.
Инчунин аҳмияти идома додани табодули муфид ва машварат дар дараҷаи идораҳои сиёсати хориҷии ду мамлакат, босамар корбаст намудани механизмҳои дастгирии ташаббусҳои кории муштарак ва бизнес-лоиҳаҳо, баргузор намудани чорабиниҳои маданиву инсонпарварӣ таъкид гардид.
Қаноатмандӣ аз афзоиши нишондоди савдо ва сармояи ҳамдигар изҳор гардид. Аз аввали соли ҷорӣ табодули амвол 45 фоиз афзуд. Ҳаҷми сармояи ҷалбгардида бинобар ҷамъбасти соли ҷорӣ то 1 миллиард евро хоҳад расид. Аз он ҷумла ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон беш аз 200 ширкати пешқадами немис бомуваффақият фаъолият мекунад.
Ғайр аз ин ҳамкории молиявиву техникӣ, аз он ҷумла аз тариқи бонки «KfW» ва Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналхалқӣ тавсеа меёбад.
Роҳбари идораи сиёсати хориҷӣ Анналена Бербок бори дигар ҷонибдории Олмонро ба дастгирии ҳамаҷонибаи барномаи бозсозиҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав таъкид кард.
Манфиатдории минбаъда аз рушди ҳамкории амалӣ аз рӯйи чунин самтҳои бартаринок, мисли иқтисодиёти «сабз», энергетикаи муқобил, инноватсия, корбурди технологияи сарфакунандаи захира ва аз лиҳози экологӣ пок, татбиқи усулҳои пешқадами таълимӣ таъкид шуд.