Дар ҳамоиш ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян иштирок доштанд.
Натиҷаҳои ҳамкориҳо дар соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, вазифаҳои афзалиятноки соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки айни замон Ӯзбекистон ҳамкориҳоро бо шарикон дар доираи ИДМ дар се самт: дар соҳаи сиёсат ва амният, иқтисод ва гуманитарӣ инкишоф медиҳад.
Вазифаҳои аввалиндараҷа ташаккули минтақаи комилҳуқуқи тиҷорати озод ва таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои ИДМ мебошанд.
Ба муттаҳидсозии саъю кӯшиш дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ, ки ба амиқсозии ҳамкориҳои саноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Дар солҳои охир Ӯзбекистон иштироки худро дар фаъолияти Иттиҳод афзоиш дода, зиёда аз 40 созишномаи бисёрҷониба ба имзо расонида, инчунин ба 23 мақомоти соҳавии ИДМ шомил гардид.
Дар соли 2022 табодули моли Ўзбекистон бо кишварҳои Иттиҳод сеяк афзуда, беш аз 1 ҳазор корхонаи муштарак созмон дода шуданд.