Муҳтарам меҳмонони хориҷӣ!
Ман шодам, ки шумо, тамоми мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо ҷашни деринтизори Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Имрӯз, бо ивазшавии фаслҳои сол дар ҳама ҷо дигаргуниҳои аҷибе ба амал меоянд. Рӯзи нав меояд, замони нав меояд, нафаси ҳаёти нав ҳис мешавад. Табиат бедор мешавад, дил аз шодӣ лабрез мегардад.
Мо нақша доштем, ки ҷашни имрӯзаро якҷоя бо мардуми худ дар боғи «Ӯзбекистони Нав»-и пойтахт баргузор намоем. Аммо, чӣ тавре ки мебинед, дар рӯзҳои охир ҳаво номусоид омад. Имрӯз бо борон замин аз нами ҳаётбахш сер мешавад, яъне ба хонаҳо фаровонӣ ва ободӣ меояд. Ва ҳамаи мо инро бо миннатдорӣ қабул мекунем.
Шуморо дар ин қасри бошукӯҳ хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи шумо орзуҳои гарму ҷӯшон ва самимона баён мекунам.
Хуш омадӣ ба диёри мо, Наврӯзи беҳамто!
Бигзор дунё бо ту аз нур мунаввар гардад!
Соли нави шарқӣ ба шумо муборак бошад!
Дӯстони азиз!
Дар ин рӯзҳои дурахшон диёри мо – Ӯзбекистони маҳбубамон ба майдони азими бошукӯҳи идона табдил меёбад. Дар водии Фарғона, кӯҳҳои Сурхону Қашқадарё, дар сарзамини Хоразму Қароқалпоқистон, дар боғҳои зебои Самарқанд, Бухоро, Навоӣ, дар доманаҳои беканори Ҷиззах ва Сирдарё, доманаҳои сабзу хуррами воҳаи Тошканд, майдонҳои бошукӯҳи пойтахти азизамон мардуми мо сайлу намоишҳо барпо мекунанд, Наврӯзро бо хурсандии бузург пешвоз мегиранд.
Имрӯз дар тамоми талошҳои мо бараъло мушоҳида мешавад, ки фалсафаи Наврӯз бо ормонҳо ва корҳои амалии мо то чӣ андоза амиқан пайвастагӣ дорад. Бо меҳнати наҷибонаи халқи мо, ки дар атрофи ғояи «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони Нав!» муттаҳид гардидаанд, корхонаҳои замонавӣ, хонаҳои ободу зебо, объектҳои иҷтимоию маданӣ, роҳу кӯпрукҳо, хиёбонҳо ва боғҳо бунёд карда мешаванд. Мамлакат рӯз то рӯз дигаргун шуда, зеботар мегардад.
Эҳтироми шаъну шарафи инсон ҳамчун арзиши олӣ, таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими ӯ, ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ғамхорӣ нисбати ҳар як ҳамватан, новобаста аз миллат, забон ва мазҳаб асоси фаъолияти мо мегардад.
Ба шарофати фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягии нек дар кишвар, сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ меафзояд.
Мо минбаъд низ ин корро, ки бо арзишҳои наврӯзӣ, чун инсонпарварӣ, сулҳу ваҳдат ва некӣ созгор аст, густариш хоҳем дод.
Ҳамватанони азиз!
Наврӯз моро даъват мекунад, ки олами атроф, бахусус, замину об, олами набототу ҳайвонот, ҳавои покро эҳтиёт карда, ба табиати зодгоҳамон бо меҳри фарзандӣ муносибат кунем.
Дар мамлакати мо корҳои бузурги ҷавобгӯи ин даъвати наҷиб пеш бурда мешаванд. Ба ифтихори Наврӯз ҳашарҳо баргузор мешаванд. Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» миллионҳо дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда, боғҳои нав бунёд карда мешаванд.
Дар таронаҳои бостонии мо Наврӯз ҳамчун иди серию пурӣ ва осудаҳолӣ, ҳосили фаровони оянда тараннум шудааст.
Имрӯзҳо деҳқонону фермерони моҳир, боғдорону чорводорони мо мавсими нави меҳнатро мекушоянд.
Мо ба онҳо хушбахтӣ ва муваффақиятҳо орзу мекунем.
Бигузор дарёҳоямон пуроб ва ҳосили мо фаровон бошад!
Рафиқони азиз!
Ҷавонӣ – дар умри инсон баҳор, Наврӯзи ӯст. Ҷавонӣ даврони бебаҳоест, ки инсон барои расидан ба идеалу марҳалаҳои баланд талош мекунад.
Муваффақиятҳои дурахшони дар соҳаҳои гуногун ба дастовардаи ҳазорҳо нафар ҷавонписарон ва духтарони мо – насли Ӯзбекистони Нав аз ин шаҳодат медиҳанд. Бо мақсади боз ҳам бештар ба корҳои нек рӯҳбаланд намудани онҳо, нерую ғайрат бахшидан, мо соли равонро дар ҷумҳурӣ Соли дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ эълон намудем.
Ҷустуҷӯи доимӣ, ташаббус, саъю кӯшиш ба навсозӣ ва худнамоӣ ҳам ба ҷавонон ва ҳам ба соҳибкорӣ хос аст.
Дар ин бора сухан ронда, гуфтаниам, ки соҳибкорӣ, ӯҳдабароӣ аз қадимулайём дар хуни мардуми мо ҷорӣ шуда, дар рӯҳу шуури онҳо зиндагӣ мекунад. Халқи мо аз қадимулайём бо устоёну ҳунармандони боистеъдод, деҳқонони моҳир, тоҷирони худ, ки бо корвонҳои худ, маҳсулоти нотакрор ва неъматҳои табиат дар саросари ҷаҳон сайру гашт кардааст, шуҳрат дорад.
Алҳол ин анъанаро дар Ӯзбекистон сулолаи нави соҳибкорон, ки дилпурона ба майдон ворид мешаванд, сазоворона идома медиҳанд. Аз ҳама муҳимаш, тиҷорат нафақат дар иқтисодиёт, балки дар ҳаёти иҷтимоӣ низ ба неруи ҳалкунанда табдил меёбад.
Мо баҳри рушди муҳити соҳибкорӣ торафт бештар имкониятҳоро фароҳам меоварем. Чунончи, барои муваффақ шудан ба мақсадҳое, ки дар Барномаи давлатии соли равон муайян шудаанд, 36,5 триллион сӯм ва 460 миллион доллар равона гардид.
Дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ ва машғулияти хусусӣ аз тариқи Бонки рушди тиҷорат ба беш аз 50 ҳазор ҳамватанонамон кумакҳои зарурии молиявӣ ва моддӣ расонида шуданд. Аз ҷумла, ба онҳо дар ҳаҷми 100 миллион сӯм вомҳои ғайриқарзии имтиёзнок ҷудо карда хоҳанд шуд. Зиёда аз ин ба намояндагони тиҷорати миёна то 1,5 миллиард сӯм вомҳои имтиёзнок ба муҳлати 7 сол пешниҳод мегарданд. Умуман, дар доираи тамоми барномаҳои соҳибкорӣ соли равон анқариб 2 миллион шаҳрванд кумакпулӣ мегиранд.
Хулоса, мо барои он ки Ӯзбекистони Нав барои соҳибкориву тиҷорат ба яке аз давлатҳои ҷолибу мусоидтарин табдил ёбад, боз як қадами нави амалӣ мегузорем.
Алҳол ҳамаи моро он чиз хурсанд мекунад, ки писарону духтарони мамлакат дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ, озмунҳои бонуфуз, ҷашнвораҳои маданиву санъат, IT ва варзиш фаъолона ширкат варзида, ғалаба мекунанд ва соҳиби ҷоизаҳо мегарданд.
Инак, танҳо як мисол: варзишгарони ҷавони мо соли гузашта дар Бозиҳои осиёӣ соҳиби 22 медали тиллоӣ, 18 нуқра ва 31 медали биринҷӣ гардида, рекорди Ӯзбекистонро дар ин мусобиқаҳо нав намуданд.
Тавре ки шумо медонед, ба наздикӣ гроссмейстери номдор Нодирбек Абдусатторов, дар мусобиқаи бонуфузи воқеъ дар Прага пеш аз муҳлат ғалаба карда, ба чаҳоргонаи шоҳмотбозони машҳури ҷаҳон ворид гардид.
Биёед, дар ин ҷашни муборак Нодирбекро аз таҳти дил табрик карда, орзу кунем, ки ӯ барои Ватани мо тоҷи шоҳмоти ҷаҳониро ҳам соҳиб гардад. Ту, бидуни шубҳа, метавонӣ ба ин комёбӣ ноил гардӣ, Нодирбеки азизи мо!
Халқ аз ту ин ғалабаро интизор аст.
Он чиз бахусус хурсандиовар аст, ки бобати ба даст овардани натиҷаҳои баланд духтарони мо низ саъю ҳаракат мекунанд. Чунончи, Зайнаб Дайибековаи соҳибистеъдод дар Бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ оид ба шамшербозӣ, ки дар Перу баргузор шуд, дар таърихи варзиши Ӯзбекистон бори аввал сазовори медали биринҷӣ гардид.
Боз як варзишгардухтари қобилиятноки мо Шаҳина Йигиталиева дар найзапарронии Бозиҳои параосиёӣ соҳиби медали тиллоӣ шуд ва рекорди ин навъи варзишро нав кард.
Фарзандони азизи мо, варзишгарони ҷавон дар пеш шуморо санҷиши бағоят муҳиму ҷиддӣ – Бозиҳои олимпии Париж ва параолимпӣ интизоранд. Бовар дорам, ки дар ин сабқатҳои варзишгарони беҳтарини ҷаҳон шумо парчами Ӯзбекистонро баланд мебардоред ва барои кишвари мо ғалабаҳои зиёд, медалу мукофотҳои бисёрро ба даст меоваред.
Ба ҳамаи шумо комёбиҳо орзу мекунем!
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Рӯҳи дурахшони Наврӯз бахусус дар ҳаёти маҳаллаҳои мо равшан намудор мегардад.
Ҳамаи шумо шоҳидони тағйироти бузург ва навовариҳои зиёд дар ин соҳа мегардед, ки тӯли ду-се моҳи охир ба вуқӯъ пайвастанд. Шӯроҳои дастгирии маҳаллаҳо, Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва зершуъбаҳои ҳудудии он таъсис ёфтанд. Низоми «ҳафтгонаи маҳалла», ки тамоми самтҳои ҳаёти онро дар бар мегирад, пурсамар амал мекунад.
Бидуни шубҳа, дар созмон додани низоми мазкур маънои амиқ нуҳуфтааст, дар пояи он барномаҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани шуғли аҳолӣ, коҳиш додани нодорӣ нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд.
Ба мақсади пурзӯр кардани ин кор ҳоли ҳозир дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба сифати намуна таҷрибаи нав ҷорӣ карда мешавад.
Мақсади асосии мо – истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, бо маблағ ва захираҳои зарурӣ таъмин кардани соҳибони онҳо, кумакрасонӣ барои дарёфти бозори фурӯши маҳсулот, ба роҳ мондани истеҳсолоти кӯчак дар хоҷагиҳои хонагӣ ва маҳаллаҳо, вусъат додани номгӯйи хидматрасонӣ ба шумор мераванд.
Ҳоли ҳозир дар миқёси мамлакат 510 ҳазор гектар, эътибор диҳед, 510 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ дар ихтиёри панҷуним миллион хоҷагиҳои хонагӣ мебошанд. Ин сарвати бузург ва имконияти беқиёс мебошад, ки алҳол пурра мавриди истифода қарор нагирифтааст.
Ҳамаи мо медонем, ки дар шароити Ӯзбекистон инсоне, ки аз чунин имикониятҳо самарабахш истифода мебарад ва софвиҷдонона кор мекунад, хубу фаровон зиндагӣ хоҳад кард.
Тӯли ду соли охир мо дар Ӯзбекистон ба коҳиш додани сатҳи нодорӣ аз 17 то 11 фоиз ноил шудем. Бешубҳа, ин натиҷаҳо осон ба даст намеоянд. Он чиз аҳамияти назаррас дошт, ки дар ин давра анқариб 900 ҳазор сокинон тақрибан 20 триллион сӯм вомҳои имтиёзнок, зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванд 1,5 триллион сӯм субсидия гирифтанд, ба қариб 700 ҳазор оила 200 ҳазор гектар замин барои кишоварзӣ пешниҳод шуд.
Аз ҳама муҳимаш, соҳибкорӣ ва аз ҷумла дар замини худӣ меҳнат кардан, инсонро, хусусан ҷавононро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ тарбия мекунад, ба онҳо ба неру, имконият ва иқтидори худ такя намуда зистанро меомӯзад.
Мехоҳам таъкид кунам: давлати мо чунин инсонҳои фаъолро мунтазам дастгирӣ хоҳад кард.
Чунончи, ба соҳибкороне, ки маҳсулоти дар хоҷагиҳои хонагӣ парваришкардаашонро меҳаранд, коркард мекунанд ва ба содирот мебароваранд, аз 300 миллион то 1 миллиард сӯм грантҳо ҷудо карда мешаванд. Ғайр аз ин барои дар майдонҳои холӣ парвариш кардани дарахтоне, ки дар саноат, барои рушди чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ истифода мешаванд, имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда хоҳанд шуд.
Ба мақсади татбиқ сохтани ин чорабиниҳо тамоми роҳбарон ва кормандони маҷмӯи иқтисодии мамлакат бояд маҳаллаҳоро омӯзанд ва масъулияти созмон додани ин корҳоро ба дӯши худ бигиранд.
Муътақидам, ки таҷрибаи дар ноҳияи Сайҳунобод дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон бо орзуҳои нек оғозёфта, минбаъд дар тамоми мамлакат васеъ доман паҳн мекунад.
Ин, бешубҳа, кори осон нест. Вале ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо якҷо бо халқи тавонову фидокор, ҷавонони боғайратамон, ки ба корҳои бузург қодиранд, албатта, аз уҳдаи иҷрои он мебароем.
Пӯшида нест, ки маҳалла ҳамчун идораи нодири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин бобат нақши асосиро иҷро мекунад. Бинобар ҳамин ҳам дастгирии маҳалла, рушди минбаъдаи он мунтазам дар маркази эътибори мо қарор хоҳад дошт. Зеро маҳалла ин такягоҳи дӯстӣ ва некист. Маҳалла оинаи маънавияти халқи офарандаи мост.
Аз фурсат истифода бурда, тамоми ҳамватанонамон, фаъолони ба кори худ содиқу фидокори маҳаллаҳоро бо Рӯзи кормандони низоми маҳалла, ки дар мамлакати мо 22 март таҷлил мегардад, самимона муборакбод менамоям, ба онҳо комёбиҳои тоза орзу мекунам.
Дӯстони азиз!
Алҳол, дар замоне, ки вазъ дар олам торафт тезутунд мегардад, Наврӯз барои мақсади нек, аз ҷумла мустаҳкам намудани сулҳу ҳамкории байни халқҳо ва миллатҳои сайёра хидмат менамояд.
Ман аз он ки дар тантанаи имрӯзаамон намояндагони ҳайатҳои дипломатии дар Ӯзбекистон фаъолиятдоштаро мебинам, хурсанд ҳастам. Аз имконият истифода бурда, сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқиро самимона хайрамақдам мегӯям ва кишвару халқҳои онҳоро бо Рӯзи байналмилалии Наврӯз муборакбод менамоям.
Наврӯзи имсола дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон мегузарад, ки ба ҷашн рӯҳи махсус мебахшад, мазмуну муҳтавои онро бештар мекунад.
Дар чунин як рӯзи зебо мо бори дигар мусалмонони мамлакат, тамоми уммати исломро муборакбод мегӯем ва аз Худованд иҷро гардидани ниятҳои неку хайри онҳоро дархост менамоем.
Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои муъҷизаовари баҳорӣ ба фармудаҳои гузаштагони бузург амал карда, бо дили поку орзуву омолҳои нек мегӯем: бигузор ҳар рӯзи мо чун Наврӯз зебо, чун Наврӯз пурсафову фаровон бошад!
Ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, муваффақият, бахту саодат ва дар оилаҳоятон фаровонҳолӣ орзу мекунам.
Бигузор, осмони кишвари мо ҳамеша мусаффо бошад!
Ҷашни Наврӯз муборак бод!