Пешниҳодҳо оид ба такмил додани ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 5 ноябр бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба дастгирии кӯдакони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ҷалби шахсони ногиро ба варзиш шинос шуд.

    Дар Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак гуфта мешавад, ки камол ёфтан дар муҳити оила ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як кӯдак мебошад. Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, нисфи ятимон дар ҷаҳон бо хидмати ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд.

    Дар барномаи «Аз камбизоатӣ то некуаҳволӣ», ки бо фармони Президент аз 23 сентябри соли равон қабул шуда буд, ҳамчунин дар самти пешгирии ятимии иҷтимоӣ ва ғамхорӣ ба кӯдакони аз парастории падару модар маҳрум ҳадафҳо гузошта шудааст. Ҳуҷҷат ба фароҳам овардани шароити то ҳадди имкон ба муҳити оилавӣ наздик ва муносибати инфиродӣ ба ҳар як кӯдак нигаронида шудааст. Вобаста ба ин, барои ба тарбия супоридани чунин кӯдакон ва бо хидматрасонии иҷтимоӣ таъмин намудани онҳо чораҳо таҳия шуданд.

    Аз ҷумла, ҳангоми ба парасторӣ додани кўдак ба нигоҳ доштани муҳити оила афзалият дода мешавад. Шаклҳои асосии ҷойгиркунӣ — васӣ, парасторӣ ё фарзандхондӣ мебошанд. Ҷойгир кардан ба муассисаи махсус танҳо ҳамчун чораи охирин ба ҳисоб меравад.

    Илова бар ин, таҷрибаи ба Хонаҳои меҳрубонӣ ва ятимхонаҳо додани кӯдакон аз сабаби камбизоатии оилавӣ бекор карда мешавад. Дар сурати бо кор таъмин будани падару модарони оилаҳои камбизоат хароҷоти кӯдакистон то ба сесолагӣ расидани кӯдак аз ҳисоби Фонди ҳифзи иҷтимоӣ ҷуброн карда мешавад.

    Дар хонаҳои бачагон барои заноне, ки аз фарзандони худ даст кашидан мехоҳанд, "Маскани модарон" ташкил карда мешаванд. Ба онҳо кумаки иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, равонӣ ва тиббӣ расонида шуда, малакаҳои модарӣ омӯзонда ва дар азхудкунии касбҳо кумак расонда мешавад.

    Ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дар расондани ин хидмат васеъ ҷалб карда мешаванд.

    Кӯдаконе, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, аз ҷониби марказҳои «Инсон» муваққатан то додан ба тарбия ба хонаҳои кӯдакон ҷойгир карда мешаванд. Барои ҳар як кӯдаке, ки ба парасторӣ дода мешавад, нақшаи инфиродии рушд таҳия карда мешавад.

    Низоми "Ҳифзи иҷтимоӣ" баҳисобгирии кӯдакони ятими муайяншуда ва шахсонеро, ки хоҳиши ба парасторӣ гирифтани онҳоро баён кардаанд, пеш мебарад. Марказҳои “Инсон” ҳамчун намояндаи қонунии кӯдакон фаъолият намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя хоҳанд кард.

    Марказҳо ҳамчунин вазъи зиндагии кӯдаконе, ки ба парасторӣ дода шудаанд, истифодаи мақсадноки кумакҳои расонидашуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои парасторонро назорат мекунанд.

    Шаҳрвандоне, ки хонаи оилавии кӯдакон ташкил мекунанд, ҳамчун шахсони худмашғул ба қайд гирифта мешаванд. Ба кӯдаконе, ки дар чунин оилаҳо тарбия ёфтаанд, то замони хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус хароҷот барои зиндагӣ ва нигоҳубини онҳо ҷуброн карда мешавад.

    Қаблан парлумон Қонун “Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ”-ро маъқул дониста буд, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта таҳия шудааст. Он заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдаконро аз зӯроварӣ муқаррар намуда, мақомоти давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро дақиқ муайян мекунад. Президент ин қонунро имзо кард.

    Дар маросими тақдимот ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба ҷалби шахсони ногиро ба шуғлварзӣ бо варзиш баррасӣ шуданд.

    Дар Ӯзбекистон барои шуғл варзидан бо 19 намуди параспорт шароит фароҳам оварда шуда, наздики 25 ҳазор нафар шахсони ногиро мунтазам ба варзиш машғул мешаванд.

    Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳо дар ин самт як қатор тадбирҳо пешниҳод карда шудаанд. Аз ҷумла, дар мактабҳои спортии давлатӣ ташкил намудани сексияҳои мутобиқшавӣ ба варзиш, инчунин ба эҳтиёҷоти маъюбон мувофиқ кардани майдончаҳои спортии маҳаллаҳо пешниҳод мешаванд.

    Дар низоми электронии «ERP-sport» тавассути баҳисобгирии шахсони дорои маълулият имкон дода мешавад, ки ба таври автоматӣ намудҳои варзиши ба имконияташон мувофиқ интихоб карда шаванд. Дар марказҳои офият истифода бурдани усулҳои ҳозиразамони барқароркунӣ, аз қабили терапевтҳои ҷисмонӣ, механикӣ ва физиотерапия пурзӯр карда мешавад.

    Дар баробари ин ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мутобиқ таваҷҷуҳ дода мешавад. Дар ин самт ҷорӣ намудани низоми ҳавасмандгардонии моддии ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо дар назар аст.

    Сарвари давлат ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар ин самт ва фароҳам овардани шароит барои шахсони ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ супоришҳо дод.