Тадбирҳои беҳтар намудани таъминоти озуқаворӣ муайян шуданд

    Ҳукумат 31 May 2022 4735

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 31 май оид ба чораҳои беист бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин кардани аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Дар саросари ҷаҳон маҳдудиятҳо шадидтар шуда, нархи маводи ғизоӣ боло меравад. Далели дар бозори ҷаҳонӣ ба 50 фоиз боло рафтани гандум, равғани растанӣ - 33 фоиз, шакар - 14 фоиз, нафт - 47 фоиз, ба нархҳои кишвари мо бетаъсир намонда наметавонад. Масалан, дар моҳи май дар вилоятҳои Қашқадарё ва Намангон болоравии нарх ба картошка, орд ва қанд ба мушоҳида расид.

    Ба ин муносибат дар ҷамъомад масъалаҳои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ, аз ҷумла мурғ ва чорво муҳокима шуданд.

    Гӯшти мурғ ва тухм маҳсулоти дастрас ва серғизо буда, давраи истеҳсоли кӯтоҳ доранд. Аммо дар бисёр ноҳияҳо ҳаҷми истеҳсоли гӯшти мурғ ба талаботи аҳолӣ ҷавоб дода наметавонад. Дар ин ҷо зиёда аз 50 корхонаи калон бо нисфи иқтидори худ кор мекунанд. Дар кори бо озуқа, аз ҷумла бо гандум таъмин намудани онҳо душвориҳо ба амал меоянд.

    Дар ҷамъомад оид ба ҳалли ин мушкилот тадбирҳои конкретӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, аз 1 июн ба хоҷагиҳои мурғпарварӣ барои хариди ғалла 400 миллиард сӯм қарзҳои револверӣ ҷудо карда мешаванд. Тавассути Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ ба онҳо ба андозаи 50 фоизи гарави қарз кафолат ва ҷуброни фоизи қарзи зиёда аз 17 фоизи меъёр дода мешавад. Инчунин таклиф ба миён гузошта шуд, ки муҳлати карзҳое, ки ба фабрикаҳои мурғпарварӣ барои маблағҳои муомилот дода мешаванд, дароз карда шаванд.

    Оид ба таҳлили бозори маҳсулоти паррандапарварӣ ва дуруст ҷойгир кардани лоиҳаҳои соҳавӣ, рақамикунонии тамоми равандҳо аз истеҳсол то фурӯши маҳсулот дастурҳо дода шуданд.

    Самарабахшии парвариши паррандаи хонагӣ дар асоси кооператсия зикр гардид. Масалан, дар ноҳияи Нуробод соҳибкорон бо роҳи тақсими инкубаторҳо якҷоя бо аҳолӣ тайёркунии гӯшти парранда ва тухмро ба роҳ мондаанд. Имрўз ноҳия бо ин маҳсулот ба худтаъминкунӣ расида, ғайр аз ин интиқоли онро ба шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои ҳамсоя оғоз намуд.

    Дар ҷамъомад зарурияти вусъат додани ин таҷриба, ба ихтиёри маҳаллаҳои алоҳида вобаста кардани фабрикаҳои мурғпарварӣ, барои аҳолӣ ташкил намудани курсҳои паррандапарварӣ таъкид гардид. Ба ҳар як маҳаллаи дорои чунин хоҷагиҳо дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ ба маблағи 200 миллион сӯм қарзи имтиёзнок дода мешавад. Аз ҳисоби ин маблағ аҳолӣ бо мурғ ва ем таъмин карда мешавад.

    Чорводорӣ барои фаровонии аҳолӣ ва устувории нарх муҳим аст. Дар ин соҳа бисёр хелҳои маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол карда мешаванд.

    8 феврали соли ҷорӣ қарори Президент “Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи чорвопарварӣ ва таҳкими пойгоҳи хӯрока” қабул шуда буд. Дар ҳуҷҷат миқдори субсид ба фермаҳои чорводорӣ барои ҳар як килограмм гӯшт аз 2 ҳазор ба 4 ҳазор, барои ҳар як литр шир — аз 200 ба 400 сӯм зиёд карда шуд. Техникаҳои кишоварзии воридотӣ аз ҳама гуна пардохтҳо озод карда шуданд. Барои истеҳсолкунандагон ба маблағи 170 миллион доллар хати имтиёзноки кредитӣ кушода шудааст. Муайян карда шуд, ки дар бештар аз 200 ҳазор гектар майдони пахтаю ғалладона бо усули киштгардон зироати хӯроки чорво парвариш карда мешавад.

    Дар ҷаласа корҳое, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, дар заминаи минтақаҳо баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, аз имкониятҳои фароҳам овардашуда истифода бурда, дар вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Фарғона ва Хоразм аз ҷониби кластерҳои пахтаю-нассоҷӣ барои парвариши 18 ҳазор сар чорвои калони шохдор 35 фермаҳои чорвопарварӣ созмон дода шуданд. Аммо баҳрабардории 70 чунин маҷмӯъ дар вилоятҳои Сурхондарё, Самарқанд, Сирдарё, Қашқадарё, Намангон, Ҷиззах ва Тошканд ба таъхир гузошта шудааст. Дар баробари ин ташкили истеҳсолоти кооперативии гӯшту шир дар шароити хонавода пайваста ба роҳ монда нашудааст.

    Ғайр аз ин, кори ташкили киштгардони пахта, ғалла ва зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 200 ҳазор гектар нақшаи аниқ надорад.

    Вобаста ба ин, муовини Сарвазир вазифадор карда шуд, ки дар ҳар як ноҳия киштгардонро тасдиқ ва ташкил намуда, деҳқононро бо тухмии зироатҳои серҳосили чорво таъмин намояд. Дар баробари ин аҳамияти вусъат додани миқёси расондани хидмати байторӣ ба хоҷагиҳои чорвопарварӣ ва хонаводаҳо қайд гардид.

    Барои бемайлон бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ чораҳои дасгирӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 1 май муҳлати амали тартибе ба поён расид, ки тибқи он 22 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, меваҷот, равғани растанӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Қарор шуд, ки ин чора то 1 январи соли 2023 дароз карда шавад. Татбиқи мизони афзояндаи боҷ барои воридоти маводи ғизоӣ низ боздошта мешавад. Маҳдудиятҳо барои воридоти маводи ғизоӣ дар доираи хариди давлатӣ муваққатан бекор карда мешаванд.

    Ба Кумитаи зиддиинҳисорӣ оид ба таъмини рақобат дар бозор ва пешгирии беасос болоравии нархҳо супориш дода шуд.

    Дар ҷамъомад ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони соҳаҳо ҳисобот доданд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates