Президентҳо ба қалъаи Хуҷанд ташриф оварданд
Дар доираи барномаи фарҳангии ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз қалъаи Хуҷанд дидан карда, бо таърихи он шинос шуданд.
Мутобиқи барномаи чорабиниҳо дар сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров стелаи «Дӯстӣ»-ро дар минтақаи пайвасти марзҳои давлатии се кишвар ботантана ифтитоҳ карданд.