Вазъи кори низоми нигаҳдории тандурустӣ аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд

    Ҳукумат 9 Noyabr 2021 5160

    Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 9 ноябр оид ба масъалаҳои такмили низоми профилактика ва табобати бемориҳои дилу раг ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Принсипи «Ба хотири шараф ва шаъни инсон», ки маҳаки асосӣ дар стратегияи нави тараққиёти Ӯзбекистон ба шумор меравад, ба вуҷуд овардани шароити муносиби зист ва инфрасохтори замонавӣ барои ҳар як шаҳрванд дар назар дошта шудааст. Ин ба дастрасӣ ба мадади тиббии баландмалака низ иртибот дорад.

    Нақшаҳои марбут, ки аз ҷониби Шавкат Мирзиёев зимни мулоқотҳои пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон баён гардиданд, татбиқашон ба ҳаёт шурӯъ мегардад. Дар ҷамъомади имрӯза эътибори асосӣ ба инкишофи зинаи ибтидоии тиббӣ, бармаҳал маълум намудани бемориҳои бештар паҳнгардида ва марговар, чорабиниҳои скрининги мақсаднок нигаронда шуд.

    Камбудиҳои фаъолияти Девони Вазирон ва Вазорати тандурустӣ дар самтҳои ишорагардида зери танқид гирифта шуд.

    – Саломатии халқамон – боигарии мо, ки арзиши онро чен кардан имкон надорад, – гуфт Президент. – Аз ин рӯ, мо дар назди худ мақсадҳои бузургро доир ба табдил додани тиббиёт ба низоме, ки талаботи мардумро қонеъ месозад, гузоштаем. Бо ин мақсад мо пардохти моддиро барои зинаи ибтидоӣ ба ду баробар зиёд намудем ва доир ба профилактикаи бемориҳои бештар паҳнгардида барномаи алоҳидаро қабул мекунем.

    Дар соҳаи кардиология вазифаҳои оянда баррасӣ гардиданд.

    Таҳлил нишон медиҳад, ки 53 фоизи фавти байни аҳолии 30-70-сола бо бемориҳои дилу раг вобаста аст. Дар панҷ соли охир ин беморӣ ҳатто дар байни ҷавонон 20 фоиз афзудааст. Умуман бемориҳои дилу раг қариб дар 4 миллион нафар ташхис мегардад, ки 12 фоизи миқдори умумии аҳолиро ташкил менамояд.

    Аз ин рӯ, татбиқ намудани низоми нави профилактика, бармаҳал маълум намудан ва босамар табобат кардани бемориҳои дилу раг ба нақша гирифта мешавад. Ҳамин тариқ аз соли оянда тамоми аҳолии синнаш аз 40 боло аз назорати мақсадноки скрининг соле на камтар як бор аз тариқи поликлиникаҳои оилавӣ ва бригадаҳои тиббӣ мегузаранд, лабораторияҳои ноҳиявӣ бо коагулометр ва реагентҳои ногузир таъмин мегарданд. Ҷорӣ намудани руйхати электронии умумии бемориҳои дилу раг, бепул тақсим намудани доруворӣ ба эҳтиёҷмандон ба нақша гирифта шудааст.

    Ба ин мақсад соли оянда барои ҳар як ноҳия 350 миллион сӯмӣ – ҳамагӣ 70 миллиард сӯм ҷудо намудан дар назар дошта шудааст. Умуман барои таъмини зинаи ибтидоӣ бо василаҳои тиббӣ ва дастгоҳҳои муқаррароти тиббӣ 580 миллиард сӯм равон намудан дар назар аст. Ин аз соли ҷорӣ се баробар зиёд хоҳад буд.

    Президент аҳамияти таълими иловагии духтур ва ҳамшираҳои оилавиро дар ҷиҳати бармаҳал маълум намудан ва табобати бемории дил таъкид кард.

    То 1 июли соли оянда руйхати бемориҳое тартиб дода мешавад, ки дар дараҷаҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ табобат гардида, дар асоси он кори ба нақшагирифтаи табобат ташкил карда мешавад. Бемористонҳои ноҳиявӣ бо 4 намуди таҷҳизоти кардиологӣ таъмин мегарданд. Дар натиҷа анвои хидматрасонӣ аз 5 то 15 хел меафзояд.

    Дар филиалҳои вилоятии Маркази тиббии илмиву амалии махсуси кардиологии ҷумҳурӣ ба ҷои 15 намуди имрӯза 35 намуди хидмат роҳандозӣ мегардад. Аз он ҷумла, барилова таъмин намудани филиали вилоятии Хоразм ва дар он ба амал овардани тамоми намудҳои амалиёти ҷарроҳӣ дар назар дошта шудааст.

    Роҳбари давлат ба ногузирии тадриҷан татбиқ намудани амалиёти мазкур дар бемористонҳои вилоятҳои дигар ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳамчунин васеъ намудани фарогирии хидмати кардиологии махсус дар минтақаҳо ишора намуд.

    Дар ҷамъомад ба фаъолияти Маркази тиббии илмиву амалии кардиологии махсуси ҷумҳурӣ баҳои танқидӣ дода шуд. Ба вуҷуд овардани лаборатория аз рӯи чунин самтҳо мисли кардиологияи превентивӣ ва ташхис бо нур ва ҳамчунин ташкил намудани такмили ихтисоси духтурон дар пешқадамтарин клиникаҳои хориҷӣ супориш дода шуд. Вазифаи ба бисёрсоҳа табдил додани ин марказ гузошта шуд.

    Тавре ки маълум аст, яке аз сабабҳои бемориҳои дилу раг тарзи нодурусти ҳаёт ба шумор меравад. Шахсоне, ки тарзи ҳаёти солим доранд ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол мебошанд, эҳтимоли ба чунин бемориҳо мубтало гардиданашон кам аст, ки инро ташкилотҳои илмии байналхалқӣ собит намудааст.

    Роҳбари давлат ҳарчи бештар ташвиқ намудани аҳамияти пиёдагардӣ, озуқавории дуруст ва машқи ҷисмонӣ, ба меъёри рӯзмарраи ҳаёт табдил додани принсипҳои тарзи ҳаёти солимро таъкид кард.

    Пойгоҳи «Тарзи ҳаёти солим» ба ин мақсад хидмат менамояд, ки ҳоло истифодабарандагони он 600 ҳазор нафар мебошанд, ки ба онҳо 18 миллиард сӯм пардохта шудааст. Ба Вазорати молия соли оянда ҷудо намудани 60 миллиард сӯм барои васеъ намудани фарогирии ин пойгоҳ супориш дода шуд.

    Дар ҷамъомади видеоселекторӣ инчунин иҷрои супоришҳои собиқ баррасӣ гардиданд.

    Муайян карда шуд, ки барои бо ҳадаф кор бурдан бо ҷавонон дар ҳар як маҳалла вазифаи ёвари ҳокими вилоят – пешвои ҷавонон ҷорӣ мегардад. Онҳо барои ҳамдастӣ барои ҳалли масъалаҳо, таълими касбӣ ва бошуғлфарогирӣ, бомазмун ташкил намудани вақти холии ҷавонон машғул мегарданд.

    Ҷараёни лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» баррасӣ гардид. Ҳокимон ва роҳбарони ташкилотҳои дахлдор дар бораи пеш бурдани кор дар заминаи дарахт ва ниҳолшинонӣ ҳисобот доданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates