Дар бораи натиҷа ва пешомадҳои варзиш маълумот дода шуд

    Ба Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи корҳои татбиқшуда ва нақшаҳои минбаъда дар соҳаи варзиш маълумот пешниҳод гардид.

    Дар навбати аввал ба масъалаҳои рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ ва ҳаракати олимпӣ эътибор дода шуд. Дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, ки ба наздикӣ дар Париж баргузор шуданд, варзишгарони Ӯзбекистон дар маҷмӯъ соҳиби 39 медал гардида, дар байни зиёда аз дусад мамлакат мақоми 13-умро ишғол карданд.

    Ин дастоварди баландтарин дар таърихи варзиши ватанӣ гардид.

    Дар вохӯрӣ бо ғолибон ва ҷоизадорони ин мусобиқоти бонуфуз роҳбари давлати мо зарурати аллакай аз имрӯз тайёрӣ дидан ба бозиҳое, ки соли 2028-ум дар Лос-Анҷелос баргузор мегарданд, вусъат додани иштирок дар намудҳои гуногуни варзишро таъкид карда буд.

    Бо дарназардошти ин Вазорати варзиш, кумитаҳои миллии олимпӣ ва паралимпӣ имкониятҳои истифоданашударо бинобар хелҳои варзиш бори дигар аз ҷиҳати танқидӣ таҳлил карданд.

    Чунончи, дар Бозиҳои олимпӣ оид ба атлетикаи сабук 48 ва доир ба хелҳои обии варзиш 49 намуд мавҷуданд. Вале дар онҳо мувофиқан 5 ва 4 нафар намояндагони мо иштирок карданд.

    Федератсияҳо амал мекунанд ва барои рушди теннис, тирпарронӣ, гимнастика, варзиши велосипедронӣ шароитҳо мавҷуданд. Дар гӯштини юнониву римӣ, варзиши аспронӣ, шамшербозӣ, қаиқронӣ имкониятҳои азими истифоданашуда ҳастанд, ҳамчунин бояд намудҳои даставии варзиш, аз ҷумла хоккейи рӯйи алаф, баскетбол, гандбол, регбӣ, тӯби обӣ инкишоф дода шаванд.

    Бобати беҳтар кардани фаъолияти ин федератсияҳои варзишӣ, такмил додани низоми машғулиятҳои таълимиву тармимӣ вазифаҳо мушаххас карда шуданд.

    Таъкид гардид, ки ҳаракати миллии олимпӣ ва паралимпӣ аз варзиши оммавӣ нирӯ мегирад, бинобар вусъат додани корҳои селексионӣ дар маҳаллаҳо, тайёрии касбии ҷавонони соҳибистеъдод супоришҳо дода шуданд.

    Тавре маълум аст, соли оянда дар мамлакати мо гузаронидани Бозиҳои осиёӣ ва параосиёӣ дар байни ҷавонон пешбинӣ шудааст. Барои ин дар Тошканд Шаҳраки олимпӣ бунёд карда мешавад.

    Ҳангоми шиносоӣ бо шаҳрак, ки ба наздикӣ сурат гирифт, Президент зикр намуд, ки маҷмӯи мазкур бояд маркази илмӣ, амалӣ ва таълимию тамринии варзиши ватанӣ гардад.

    Мувофиқан, баъд аз Бозиҳои осиёӣ, истифодаи самарабахши инфрасохтори Шаҳраки олимпӣ дар назар аст. Барои ин идоракунии маъмурии маҷмӯъ, ки ба консепсияи «Шаҳри ҳушманд» асос дорад, ба роҳ монда хоҳад шуд. Сохтор бо нигоҳубини маҷмаи варзишӣ, мониторинги ҳолати таҷҳизот ва низомҳои техникӣ, дар зарурат бо таъмири он машғул хоҳад шуд. Бинобар намудҳои бартариноки варзиш нақшаи солона тасдиқ карда мешавад, варзишгарон аз минтақаҳо дар Шаҳраки олимпӣ машғулиятҳои таълимиву тамринӣ мегиранд. Ҳамчунин ба сохтори мазкур ҳуқуқи ташкил кардани чорабиниҳои оммавӣ, хидматрасонии иҷоравӣ ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

    Вақте ки сухан дар бораи ҳаракати олимпӣ меравад, бозиҳои зимистонаро низ набояд аз назар соқит кард. Яке аз самтҳои пешомаднок хоккей ба шумор меравад.

    Ҳоли ҳозир дар мамлакат 4 дастаи варзишӣ ва 3 иншооти варзишӣ оид ба хоккей амал мекунанд. Дастаи мунтахаби то 16-солаи мо дар Ҷоми Осиё ва Океанияи соли 2023-юм ҷойи якумро ишғол намуд. Соли равон мусобиқаи мазкур бори аввал дар Ӯзбекистон гузашт ва дар он дастаи мунтахаби то 18-солаи мо ғолиб омад.

    Бо дарназардошти ҳамаи ин бобати рушди ин намуди варзиш дар ҳудуди Шаҳраки олимпӣ маҷмӯи хоккей бунёд хоҳад шуд.

    Роҳбари давлат оид ба ҷалби васеи аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ, ҳамчунин бобати омодагии мунтазам ба мусобиқоти байналхалқӣ супоришҳо дод.



    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates