Мулоқот таҳти раёсати ҷонишини якуми раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йуллари» X. Рахметов ва директори генералии «Arsenale Group» П. Барлетта сурат гирифт.

Дар рафти гуфтушунид аз ҷониби ширкати итолиёвӣ таҳти номи «Luxury touristic train» қатораи нави сайёҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар он барои сайёҳон шароити боҳашамат ва бароҳат фароҳам оварда шудааст. Пешниҳод мешавад, ки он бинобар хатсайри “Тошканд – Самарқанд – Бухоро – Хива – Тошканд” ба роҳ монда шавад.

Ҷонибҳо омодагии худро барои баррасии созишномаи ҳамкорӣ, ки таъсиси корхонаи муштарак, таҳияи хатсайрҳо ва ҷадвалҳо, инчунин оғози корҳои амалӣ оид ба лоиҳаро пешбинӣ мекунад, изҳор доштанд.

— Тавре маълум аст, моҳи гузашта Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Италия сафар карда, бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ мулоқот анҷом дод, — мегӯяд муовини аввали раиси ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Х.Раҳметов. — Аз ҷумла, дар ин ҷаласа ширкати итолиёвии «Arsenale Group» низ ширкат дошт. Дар натиҷаи гуфтушуниди моҳи июн имрӯз ин ширкат бо пешниҳоди ҳамкории муштарак ба мо ҳамроҳ шуд. Директори генералии он П.Барлетта пешниҳод кард, ки қатораи сайёҳӣ аз Аврупо тавассути Ӯзбекистон ба Чин роҳандозӣ шавад. Ман татбиқи ин лоиҳаро қадами муҳим медонам, зеро дар таърихи роҳи оҳан ҳеҷ гоҳ чунин ин ҳолат нашуда буд. Инчунин, аз ҷониби Италия дар бораи созмон додани корхонаи муштарак бо ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» пешниҳод расид. Бар асоси натоиҷи иҷрои ҳамаи ҳадафҳо дар назар аст, ки қатораи сайёҳии баландсуръат аз Аврупо тавассути Қафқоз, тавассути Русия, тавассути Ӯзбекистон ба Чин роҳандозӣ шавад.

Дар охири вохӯрӣ меҳмонони итолиёвӣ бо мақсади шиносоӣ бо инфрасохтор ва парки вагонҳои ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба вокзали «Тошканд - Марказӣ» ва ҶС “Заводи сохтмон ва таъмири вагонҳои мусофиркашонии Тошканд» рафтанд.

Ин ҳамкорӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистон ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ дурнамои нав мекушояд. Хар ду тараф ба иҷрои бомуваффақияти нақшаҳои якҷоя изҳори боварӣ намуда, ният доранд, ки дар роҳи иҷрои онҳо фаъолона кор кунанд.

Барои маълумот: “Arsenale Group” ширкати итолиёвӣ аст, ки дар бахшҳои мухталифи тиҷорат, аз ҷумла муҳандисӣ, сохтмон, нақлиёт ва сайёҳӣ тахассус дорад. Он бо роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, маҳсулоти баландсифат ва доираи васеи хидматҳо маълум аст.