Тибқи ҳуҷҷати дар боло зикргардида, тахфифҳои идона  дар соли 2021 1-3 январ, 21-23 март ва 1-4 сентябр дода мешаванд:

  • нафақахӯрон, маъюбон, ИҶБВ ва ҶБВ солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - 50%;
  • донишҷӯёни донишгоҳҳо, мактаббачагон, хонандагони коллеҷу литсейҳо, ӯнвонҷӯёни муассисаҳои таълимии махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Хадамоти давлатии амният, Кумитаи давлатии андоз, Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон (ҳангоми пешниҳоди гувоҳнома ва билетҳои донишҷӯӣ) - 15%;
  • оила (2 ё зиёда одамон - зану шавҳар; шавҳар, зан ва фарзандони то 18 -сола; падар ё модар бо кӯдакони то 18 -сола) (агар шаҳодатномаи ақди никоҳ мавҷуд бошад; нусхаҳо ба ҳисоботҳо замима карда шаванд) - 15%;
  • ҷамоаҳо (агар дархости 4 ё зиёда одамон бошад) - 15%;
  • барои қатораҳои баландсуръати "Афросиёб" барои ҳамаи категорияҳои мусофирон - 10%.

Эзоҳ: ин тахфифҳо танҳо ҳангоми расмигардонии чиптаҳо дар кассаҳои роҳи оҳан дода мешаванд. Расмигардонии чиптаҳои электронӣ бо назардошти тахфифҳои дар боло зикршуда ҳанӯз аз ҷиҳати техникӣ таъмин карда нашудааст. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақами кӯтоҳи 1005 (бюрои маълумотщои пойтахт) ва инчунин бинобар рақамҳои телефонии маълумотҳои минтақавӣ занг занед.