Дар мактабҳои Ӯзбекистон барои гузарондани базмҳои солинавӣ маҳдудият ҷорӣ карданд

    Таълим 20 Dekabr 2021 1158

    Вазорати таълими халқ ба сарони маъмуриятҳои маҳаллӣ ва мактабҳо қоидаҳои баргузории чорабиниҳоро дар базмҳои солинавӣ ба мақсади ҳифзи сиҳатии хонандагон дар давраи пандемияи коронавирус тавзеҳ дод.

    Дар муроҷиатномаи вазорат баъзе мамнуъиятҳо барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ таъкид меёбанд, аз ҷумла:

    • гузаронидани чорабиниҳои марбут ба таҷлили Соли нав бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ;
    • аз падару модарон бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои идона ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағҳои гуногун;
    • бо арчаҳои сунъӣ, инчунин шил-шилаҳои электрикӣ оро додани фойеи мактаб ва синфхонаҳо.

    Дар баробари ин дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ фарзияҳои марбут ба таҷлили Соли нави мелодӣ вуҷуд доранд:

    • ба тариқи истисно танҳо хонандагони синфҳои ибтидоӣ метавонанд тантанаҳоро дар синфҳои худ бо иштироки роҳбари синф ва волидон мувофиқи қоидаҳои карантин, бидуни халал расондан ба раванди дарс баргузор намоянд;
    • ба бо ороишҳои гуногуни дастисохти хонандагон оро додани фойе ва синфхонаҳои мактабҳо иҷозат дода мешавад;
    • оро додани арчаи солинавӣ дар ҳавлии мактаб.
    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates