Дар муроҷиатномаи вазорат баъзе мамнуъиятҳо барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ таъкид меёбанд, аз ҷумла:

  • гузаронидани чорабиниҳои марбут ба таҷлили Соли нав бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ;
  • аз падару модарон бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои идона ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағҳои гуногун;
  • бо арчаҳои сунъӣ, инчунин шил-шилаҳои электрикӣ оро додани фойеи мактаб ва синфхонаҳо.

Дар баробари ин дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ фарзияҳои марбут ба таҷлили Соли нави мелодӣ вуҷуд доранд:

  • ба тариқи истисно танҳо хонандагони синфҳои ибтидоӣ метавонанд тантанаҳоро дар синфҳои худ бо иштироки роҳбари синф ва волидон мувофиқи қоидаҳои карантин, бидуни халал расондан ба раванди дарс баргузор намоянд;
  • ба бо ороишҳои гуногуни дастисохти хонандагон оро додани фойе ва синфхонаҳои мактабҳо иҷозат дода мешавад;
  • оро додани арчаи солинавӣ дар ҳавлии мактаб.