Дар Ӯзбекистон ҳамаи мактабҳои низоми таълими халқ ба воситаи низоми ягонаи электронии ERP идора карда мешаванд

    Таълим 27 Yanvar 2022 1413

    Бо мақсади автоматикунонӣ ва идора кардани мубодилаи ахбор дар низоми таълими халқ маҷмӯи ягонаи барномавӣ — низоми иттилоотии ERP коркард шуда, имрӯзҳо барои дар амал ҷорӣ намудани он корҳои калонмиқёс давом доранд.

    Enterprise Resource Planning — маънои банақшагирӣ ва идоракунии захираҳо ва равандҳои мавҷудаи ташкилот ё муассисаро дорад.

    Ҷорӣ намудани ин низом дар соҳаи таълими халқ равандҳои мавҷудаи муомилоти электронии ҳуҷҷатҳоро автоматӣ намуда, барои кормандони система аз ҳисоби рақамикунонӣ як қатор бартариҳо фароҳам меорад, хароҷоти зиёдатии буҷети давлатиро пешгирӣ мекунад, омили инсониро коҳиш медиҳад, иштибоҳ ва камбудиҳоро дар пардохти музди меҳнат ва муодили он бартараф менамояд, инчунин шаффофияти мубодилаи иттилоотро таъмин менамояд.

    Платформаи ERP инчунин дар раванди қабул ба синфи 1, ташаккули феҳристи электронии ҳамаи хонандагони система, банақшагирии соатҳои таълимӣ, тақсими соатҳо барои омӯзгорон, назорати тоифаҳои ихтисос, муқаррар намудани музди меҳнат ба кормандон як қатор қулайиҳо фароҳам меорад.

    Истифодабарандагони асосии мачмӯи барномавӣ шахсони мансабдори Вазорати маорифи халк, ҳайати роҳбарикунандаи мактабҳои таълими ҳамагонӣ мебошанд. Низоми ERP бо системаҳои иттилоотӣ ва пойгоҳи вазорату идораҳои дигар муттаҳид карда шудааст.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имрӯз барои пайваст кардани зиёда аз 10 ҳазор мактаби таҳсилоти умумии системаи маорифи халқ ба ERP корҳо идома доранд. Дар ин мактабҳо ҳозир бештар аз 700 ҳазор нафар коргарон кор мекунанд ва 6,2 миллион нафар талабагон таълим мегиранд. Тавассути ин платформа беш аз даҳҳо нафар хонандагон метавонанд ба маълумоти онлайн дастрасӣ пайдо кунанд

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates