Захираҳои тиллою асъори Ӯзбекистон дар соли 2024 19 фоиз афзуд

    Тибқи маълумоти омории расмии Бонки марказии ҷумҳурӣ, ҳаҷми захираҳои тиллою асъори Ӯзбекистон дар соли 2024 ба 41,18 миллиард расида, нисбат ба соли 2023 бо 19,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

    Бино ба ҳисобот, қисми зиёди дороиҳо ба асъори хориҷӣ мансубанд, ки ҳаҷми умумии он $8,6 миллиардро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ, $8,1 миллиард дар бонкҳои тиҷоратии байналмилалӣ ҷойгир шудааст, дар ҳоле ки $351 миллион дар бонкҳои марказии хориҷӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) нигоҳ дошта мешавад.

    Тилло ҳамчун ҷузъи калидии захираҳо низ афзоиш нишон медиҳад. Дар охири сол ҳаҷми металли қиматбаҳо ба 12,3 миллион унсияи трояӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,36 фоиз бештар аст. Дар ифодаи пулӣ арзиши захираи тилло аз $24,6 миллиард то $32 миллиард афзоиш ёфта, мавқеи ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас мустаҳкам менамояд.

    Аммо дороиҳо дар асъори хориҷӣ коҳиш ёфтанд: ҳаҷми онҳо дар соли гузашта аз $86,3 миллион то $78,6 миллион кам шуд.

    Илова бар ин, тибқи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC), аз моҳи январ то ноябри соли 2024 Бонки марказии Ӯзбекистон 11 тонна тилло харидорӣ кардааст. Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии захираҳои металли қиматбаҳо ба 382 тонна расида, стратегияи устувори кишварро дар афзоиши захираҳои тилло тасдиқ мекунад.

    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates