Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории васеъмиқёси стратегии Ӯзбекистон бо Бонки ҷаҳонӣ, бахусус дар масъалаи дастгирии ин муассисаи молиявии ҷаҳонӣ аз ислоҳоти иқтисодии стратегии кишвар баррасӣ гардиданд.
Дар оғози мулоқот Анна Берде ба сарвари давлатамон салом ва беҳтарин таманниёти президенти Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Бангаро расонд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки дар солҳои охир сатҳи шарикии судманд миёни ҷонибҳо ба дараҷаи баланд расидааст.
Имрӯз Ӯзбекистон яке аз шарикони калидии Бонки ҷаҳонӣ мебошад – портфели лоиҳаҳо зиёда аз 12 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бонк барои татбиқи ислоҳот кумаки молиявӣ, машваратӣ ва техникӣ мерасонад, ки ба рушди устувори соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.
Бо кумаки бонк барои такмили механизм, суръат бахшидани омодасозӣ ва баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо бо иштироки муассисаҳои молиявии байналмилалӣ тартиби нав ҷорӣ карда шуд.
Ба сифати самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи амалӣ чунин самтҳо, ба мисли мубориза бо камбизоатӣ, аз ҷумла тавассути фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занон ва ҷавонон, хусусан дар соҳаи сайёҳӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва рушди барномаҳои шарикии давлатию хусусӣ, трансформатсия ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ муайян шудаанд.
Ба нақшаҳои муштарак дар соҳаҳои декарбонизатсия, урбанизатсия ва навсозии инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ, инчунин дастгирии раванди узвияти Ӯзбекистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад.