7 октябри соли 2024 Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳии қазоқистониёнро дар раъйпурсӣ оид ба сохтмони неругоҳи атомӣ эълон кард.
"Росатом" бо Ӯзбекистон имкони истифодаи технологияи “манораҳои сардкунандаи хушк”-ро дар лоиҳаи сохтмони неругоҳи атомӣ баррасӣ мекунад. Дар ин бора директори департаменти рушди устувори корпоратсияи давлатии «Росатом» Полина Лион хабар дод, хабар медиҳад Interfax.ru.
Сафири Русия дар Ӯзбекистон Олег Малгинов бартариятҳои нерӯгоҳи ояндаи атомиро барои Ӯзбекистон номбар кард. Дар ин бора дипломат зимни суханронии худ дар нишасти хабарии ҳисоботӣ рӯзи 27 декабр изҳор дошт. Сафир тафсилоти корҳои омодагиро, ки пеш аз сохтмони нерӯгоҳи атомӣ анҷом дода мешавад, ошкор кард.
Ӯзбекистон барои сохтани нахустин нерӯгоҳи атомии худ омодагӣ мегирад. Майдони сохтмони он аллакай интихоб шудааст. Коршиносони МАГАТЭ изҳор доштанд, ки кор бо риояи тамоми талаботҳои бехатарӣ ва принсипҳои паҳн накардан идома дорад.