Ӯзбекистон ба сохтмони нахустин нерӯгоҳи атомии худ омода аст

    Энергетика 2 Iyul 2021 2017

    Ӯзбекистон барои сохтани нахустин нерӯгоҳи атомии худ омодагӣ мегирад. Майдони сохтмони он аллакай интихоб шудааст. Коршиносони МАГАТЭ изҳор доштанд, ки кор бо риояи тамоми талаботҳои бехатарӣ ва принсипҳои паҳн накардан идома дорад.

    Ӯзбекистон, ки интиқолдиҳандаи умдаи ҷаҳонии уран аст, тахмин мекунад, ки нерӯи атомӣ манбаи камкарбони энергияро таъмин карда, партоби газҳои гулхонаиро коҳиш диҳад ва иқтидори тавлидиро афзоиш медиҳад. Дар соли 2017 кишвар бо Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтани ду реактори ВВЭР-1200-и обии таҳти фишор, ки бояд то соли 2030 ба истифода дода шаванд, ба имзо расонд. Соли 2019 Ӯзбекистон раванди интихоби макони аввалин нерӯгоҳи атомиро оғоз кард, хабар медиҳад Маркази ахбори СММ.

    Моҳи июн гурӯҳи коршиносони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) бо сафари 12-рӯза ба Ӯзбекистон ташриф оварданд. Нозирон ба раванди рушди инфрасохтори барномаи энергияи атомӣ баҳои ҳамаҷониба дода, ба хулосае омаданд, ки ҳама чиз мувофиқи нақша ҷараён дорад ва ҳамаи талаботи меъёрӣ иҷро шудаанд.

    Аъзои гурӯҳ изҳор доштанд, ки "Ӯзбекистон дар таҳияи лоиҳаи нерӯгоҳи атомӣ ба пешрафти назаррас ноил гардид ва барои такмили заминаи меъёрӣ ва таҳкими иқтидори мақомоти танзимгар тадбирҳо андешид". Онҳо илова карданд, ки барномаи энергияи атомии кишвар аз дастгирии шадиди ҳукумат истифода мебарад.

    Гурӯҳ тавсия ва пешниҳодҳо дод, ки ба кӯмаки Ӯзбекистон дар омодагӣ ба сохтмони нахустин нерӯгоҳи атомӣ нигаронда шудаанд.

    "Ӯзбекистон дар рушди инфрасохтори энергияи атомии худ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид" - гуфт роҳбари гурӯҳ Милко Ковачёв, сардори бахши рушди инфрасохтори атомии МАГАТЭ.

    Гурӯҳ аз яктогӣ коршинос аз Бразилия ва Булғористон ва ҳашт корманди МАГАТЭ иборат буд.

    МАГАТЭ дар соли 1957 барои кӯмак ба давлатҳо дар истифодаи осоиштаи нерӯи атом таъсис дода шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates