Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Ўзбекистон, барои пӯшондани як қисми хароҷот барои хариди бензин ҷуброни ҳармоҳаи пулӣ ба тоифаи шахсони ҷудогона ҷудо карда мешавад.
Манъи муваққатии содироти бензин дар пасманзари афзоиши мавсимии талабот аз 1 марти соли ҷорӣ ҷорӣ мешавад.
Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ аз моҳи ноябр воридоти бензинро аз Федератсияи Русия оғоз кард. Дар ин бора вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Ҷўрабек Мирзомаҳмудов маълум кард.
Вақтҳои охир дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои ҷумҳурӣ нархи чаканаи бензини навъи АИ-80 аз 6800 сӯм ба 7100 сӯм баланд шуд. Тибқи натоиҷи савдои биржа 5-уми декабри соли ҷорӣ, нархи миёнаи бензини навъи АИ-80 барои 1 тонна 8 миллион сӯм буда, ин рақам дар муқоиса бо моҳи ноябри соли гузашта 4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи камёбии бензини навъи АИ-80 ва бо қимати гаронтар фурӯхта шудани бензин ба миушоҳида мерасанд.