20 ноябр дар бинои Сенати Олий Маҷлис ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак муколамаи кушод таҳти унвони «Ҳуқуқи мо, овози мо» бо иштироки ҷавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар Ашқобод Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Саломатӣ ва рушди устувор ҳамчун роҳ ба сӯи сулҳ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳамкории Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба пешгирии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ва Ҳукумати Туркманистон ташкил карда шуд.
Аз 20 июл то 20 августи соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи туризм ва ташкилотҳои шарик чорабиниҳои «Моҳи туризми ҷавонон» баргузор хоҳанд шуд.
15 май, дар Рӯзи байналмилалии иқлим, дар шаҳри Тошканд Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид. Ин чорабинӣ ҳамчун платформаи муассири байналмилалӣ барои муколама байни ҷавонон ва ҳукуматҳо хизмат хоҳад кард, ки дар ҷараёни он иштирокчиёни ҷавон барои рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ пешниҳодҳои навоварона ироа мекунанд.
Аз 26 то 30 июни соли 2024 Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар панҷ шаҳри Ӯзбекистон - Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Ҷиззах ва Хива баргузор мешавад.
Институти Гёте дар ҳамкорӣ бо Фестивали байналмилалии синамои «Шлингел» (Хемниц, Олмон) аз 18 то 24 апрели соли 2024 Фестивали XI байналхалқии филмҳои кӯдакону наврасон «Шум бола»-ро ташкил мекунад.
Аз 20-уми март то 31-уми марти соли 2024 ба муносибати иди Наврӯз ва “Ҳафтаи сайёҳии ҷавонон” барои хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯрокворӣ ва муассисаҳои ҷойгиркунӣ дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон тахфиф ва аксияҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Аз 12 то 14 март ҷавонони Ӯзбекистон бори аввал дар форуми ҳарсола, ки аз ҷониби Созмони ташаббуси ҷавонони Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби иҷлосияи 67-уми Комиссияи оид ба маводи мухаддир (CND) ташкил карда мешаванд, иштирок намуданд.
Аз 1-уми январ то 10-уми январи соли 2024 дар давраи таътили мактаббачагон Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим якҷоя бо Агентии кор бо ҷавонон, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ва Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ “Ҳафтаи сайёҳии ҷавонон” баргузор менамояд.
21 декабр дар Қасри эҷодиёти ҷавонон муколамаи кушоди вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тайғирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов бо ҷавонони фаъол баргузор гардид.