Заводи истеҳсоли автомобилҳои Ўзбекистон-Қирғизистон омода аст ба тариқи озмоиш 28 майи соли 2024 ба истифода дода шавад. Дар ин бора вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Данияр Амангелдиев хабар дод.
Аввалин автомобил то охири моҳи май аз конвейери заводи Қирғизистону Ӯзбекистон мебарояд. Дар ин бора роҳбари лоиҳаи «Алтын тулпар унаа курулуш» Баҳодир Бахаутдинов маълум кард.
Раиси раёсати ширкати «Ӯзавтосаноат» Улуғбек Розиқулов ва раиси Девони Вазирон – Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Ақилбек Жапаров 11 май ба сохтмони завод оид васл ва истеҳсоли нақлиёти автомобилии сабукрав ва техникаи тиҷоратии «Алтин Тулпар Унаа Курулуш» дар деҳаи Ак-Сууи вилояти Чуйи Қирғизистон оғоз намуданд.