Бино ба иттилои агентии миллии иттилоотии Қирғизистон
«Кабар», дирӯз ҳайати эҷодии кишвари мо барои иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ
тавассути Фурудгоҳи байналмилалии «Иссиқкӯл» (Тамчӣ) вориди Қирғизистон шуд.
Ба ҳайати Ӯзбекистон вазири фарҳанг, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон
Озодбек Назарбеков роҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати сафар қариб 200 нафар
намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъат, аз ҷумла ҳунармандони шинохта,
навозандагон, дастаҳои рақсӣ ва арбобони фарҳанг шомиланд.
Дар давоми ду рӯз онҳо барои сокинон ва меҳмонони вилояти Иссиқкӯл барномаи
рангини фарҳангиро пешкаш менамоянд, ки таъриху тамаддуни ғанӣ, мероси фарҳангӣ
ва дастовардҳои муосири санъати миллии Ӯзбекистонро бозтоб медиҳад.
Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кардааст,
баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Қирғизистон рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ба
шумор рафта, ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои
дӯстонаи миёни ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.