Ба туфайли имконоти васеъе, ки барои рушди технологияи рақамӣ дар мамлакатамон фароҳам оварда шудааст, натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Теъдоди резидентҳои IT-паркҳо беш аз 2800 гардида, теъдоди ширкатҳои хориҷӣ қариб ба 752-то расид. Қариб 40 ҳазор нафар ҷавонон дар ин соҳа даромади баланд мегиранд.

Дар панҷ соли охир содироти соҳа аз 170 миллион қариб то 1 миллиард доллар афзуд. Суръати интернет 7 баробар, интернети мобилӣ 4,5 баробар афзуд. Соли гузашта стартапҳо 70 миллион доллар сармояи венчур ҷалб намуданд.

Ӯзбекистон 12 зина боло рафта, ба 100-тои беҳтарини таснифи ҷаҳонии экосистемаи стартапҳо дохил гардид ва дар Индекси байналхалқии омодагӣ ба зеҳни сунъӣ 17 зина боло рафта, дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Ӯзбекистон дар таснифи кишварҳои ИДМ-ро оид ба афзоиши суръати соҳаи телекоммуникатсия пешсаф гардид.

Кор дар ин самт муттасил идома дорад. Аз он ҷумла барои соли оянда мақсадҳои зерин муқаррар гаштаанд: рақамисозии 70 фоизи хидматрасонии давлатӣ, афзудани ҳаҷми хидматрасонии IT то 100 триллион сӯм. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадди ақалл дар Индекси рушди ҳукумати электронӣ ба зинаи 55 бояд ноил гардид. Барои даст ёфтан ба ин нишондодҳо лоиҳаҳои баъзе ҳуҷҷатҳо таҳия гаштааст.

Дар ҷараёни тақдимот лоиҳа ва пешниҳодҳои мазкур муҳокима гардиданд.

Имрӯз 760 намуди хидматрасонии давлатӣ рақамӣ гаштааст. Соли гузашта аз хидматҳои рақамӣ 10 миллион шаҳрванд истифода намудааст.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки вақти гузаштан ба марҳалаи оянда – «Ҳукумати рақамӣ» расид. Таъкид шуд, ки дар навбати аввал аз соҳаҳое, ки дар байни аҳолӣ бештар оммавият дорад: таълим, тандурустӣ, сохтмон ва хоҷагии коммуналӣ бояд сар кард.

Бинобар Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 14 октябри соли 2024 стратегияи рушди технологияи зеҳни сунъӣ то соли 2030 қабул гардида буд. Барои рушди инфрасохтор дар ин соҳа 50 миллион доллар ҷудо гаштааст. Доир ба фароҳам овардани модели миллии зеҳни сунъӣ ва тарбия намудани 1 миллион нафар мутахассис вазифа гузошта шудааст.

Вазири технологияи рақамӣ дар бораи марҳалаҳои татбиқи ин вазифа ва чорабиниҳо оид ба беҳсозии инфрасохтор гузориш дод.

Яке аз вазифаҳои муҳим афзудани ҳаҷми хидматрасонӣ ва содирот дар соҳаи теънология рақамӣ боқӣ мемонад. Имрӯз қисми асосии нишондодҳо ба ҳиссаи шаҳри Тошканд рост меояд. Ба туфайли шароит ва имтиёзоте, ки дар Ӯзбекистон ба вуҷуд оварда шудааст, релокантҳо ба кор дар мамлакатамон таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Бинобар ин таъкид шуд, ки дар ҳар як минтақа муҳити ҷолибро фароҳам оварда, фаъолона ҷалб намудани ширкатҳои хориҷӣ муҳим мебошад.