Тавре маълум аст, аз 1 январи соли 2023 фаъолияти Бозрасии давлатии назорати сифати таълим комилан қатъ мегардад. Вазифа ва функсияҳои ин ташкилот дар байни вазоратҳои таълими халқ ва маълумоти олӣ ва миёнаи махсус тақсим карда мешаванд. Яъне тамоми кореро, ки инспексия анҷом медод, минбаъд низ вазоратҳои мазкур идома медиҳанд.
Мутобиқи тартиби муқарраршуда ба аттестатсия ҷалб намудани омӯзгорон ва ба онҳо додани категорияҳои тахассусӣ аз ҷониби Вазорати таълими халқ амалӣ карда мешавад. Тартиби аттестатсияи ҳайати омӯзгорон метавонад бетағйир боқӣ монад.