Ҳолати тараққиёти вилояти Қашқадарё таҳлил гардида, вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд

    Ҳукумат 25 Oktabr 2022 5448

    Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 25 октябр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба чорабиниҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Қашқадарё баргузор гардид.

    Тавре ки маълум аст, моҳи апрели соли ҷорӣ сессияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Қашқадарё баргузор гардида, дар он нақшаҳои доманфарох доир ба рушди соҳибкорӣ ва саноат, бошуғлфарогирӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ муайян шуда буданд.

    Аз он ҷумла, барои соли ҷорӣ ба вуҷуд овардани 10 ҳазор воҳиди соҳибкорӣ ва то 80 ҳазор бурдани миқдори он, ҷалби 9 триллион сӯм сармоя, татбиқи 810 лоиҳаи саноатӣ, ба вуҷуд овардани 430 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Дар хоҷагии қишлоқ ба аҳолӣ 12,5 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда, таҳияи 3,2 миллион тонна маҳсулоти озуқаворӣ, ба вуҷуд овардани 11 ҳазор гектар боғ ва токзорҳои интенсив, то ба 60 миллион доллар расондани содироти меваву сабзавот ба нақша гирифта шудааст. Дар соҳаи иҷтимоӣ сохтмон ва таъмири 174 мактаб, кӯдакистон ва поликлиника, хобондани 1,5 ҳазор километр шабакаи оби ошомиданӣ ва таъмири 1,8 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Дар ҷамъомад ҳокими вилояти Қашқадарё М. Азимов дар бораи кори анҷомдода дар ин самт гузориш дод. Дар асоси ҳисобот вазифаҳо барои охири сол ва соли оянда муҳокима гардиданд.

    Эътибори аввал ба рушди соҳибкорӣ ва соҳаи хидматрасонӣ нигаронда шуда, таъкид шуд, ки соли оянда аз ҳисоби ин 207 ҳазор ҷойи кор фароҳам овардан имконпазир мебошад.

    То он потенсиали мавҷударо ба кор бояд андохт. Аз он ҷумла, барои ташкили хидматрасонии шафати роҳи шоҳроҳи Шаҳрисабз – Китоб бо иқтидори роҳгузарии соате 1,5 ҳазор автомобил 3 ҳазор соҳибкорро ҷалб намудан мумкин аст. Инчунин имкони ташкил кардани 10 ҳазор ҷойи кор аз ҳисоби рушди сайёҳӣ дар деҳоти Миракии Шаҳрисабз ва Қайнари ноҳияи Китоб вуҷуд дорад. Босамар истифода намудани биноҳои холӣ ва қитъаҳои замини бекор тақозо мегардад.

    Боз як таҳрикдиҳандаи минтақа саноат ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки дар ин ҷо 960 лоиҳаро татбиқ намуда, 20 ҳазор нафарро бо кор таъмин намудан имкон дорад.

    Аз он ҷумла, имкони азхуд намудани 22 маҳалли ғайримаъдан ва роҳандозии масолеҳи сохтмони бозоргир вуҷуд дорад. Ба воситаи ҳамкории саноатӣ татбиқи 65 лоиҳаи маҳаллисозӣ дар соҳаҳои кимиё, нафту газ, энергетика ногузир мебошад. 12 лоиҳае, ки кластерҳо пешниҳод намудаанд, дараҷаи азнавкоркарди пахтаро баланд мебардорад.

    Самти сеюми муҳим хоҷагии қишлоқ мебошад. Аз он ҷумла, аз ҳисоби беҳсозии таъминоти об дар 18 ҳазор гектар замин ба ивази 90 миллиард сӯм барилова маҳсулот парвариш намудан мумкин, татбиқи технологияи масрафкунандаи об дар 66 ҳазор гектар 300 миллион мукааб обро сарфа месозад, коҳиши майдонҳои кишти пахта ва ғалладона ба миқдори 10 ҳазор гектар 32 ҳазор оиларо бо кор таъмин месозад. Умуман дар сурати дуруст истифода намудани имконот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ 295 ҳазор нафарро бо кор таъмин намудан мумкин аст.

    Дар ҷамъомад масъалаҳои иҷтимоӣ низ баррасӣ гардиданд. Аз он ҷумла, супурда шуд, ки соли оянда дараҷаи таъмини оби ошомидании марказонидашуда дар Қашқадарё то 60 фоиз расонда шуда, 6 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ ва пулҳо таъмир карда шаванд.

    Чорабиниҳо дар бобати сохтмони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва поликлиникаҳо дар маҳаллаҳо, беҳсозии шароити аҳолие, ки ба манзил ниёз дорад, муайян карда шуданд.

    – Дар асоси принсипи «шараф ва обрӯйи инсон» кор мекунем, дар ҳама масъалаҳо бинобар мушкилоти мардум хулоса мекунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар барномаи сармоягузорӣ бояд саҳми маҳалла бошад. Ҳокимон бо мардум маслиҳат карда, пешниҳод мекунанд, Шӯ-роҳои маҳаллӣ иҷрои онро назорат мекунанд. Дар панҷ соли охир дар бисёр маҳалҳо саноат инкишоф ёфт. Акнун сармоя бояд ба маҳаллаҳои мураккаб равон карда шуда, вазъияти онҳоро беҳтар созад.

    Дар ҷамъомад ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо пешниҳодотро бинобар ҳалли мушкилоти бекорӣ ва инфрасохтор, таҷрибаи мусбие, ки шоистаи татбиқи васеъ мебошанд, баён намуданд.

    Дар асоси онҳо қарор гардид, ки дар буҷаи ҷумҳурӣ барои соли 2023 барои рушди соҳибкорӣ, беҳсозии инфрасохтор ва ҳалли мушкилот дар соҳаи иҷтимоии Қашқадарё 685 миллиард сӯм пешбинӣ хоҳад гардид.

    Инчунин таъкид шуд, ки ба маҳаллаҳои вилоят дар доираи «Буҷаи ташаббускорӣ» 135 миллиард сӯм, боз 265 миллиард сӯм барои татбиқи 670 лоиҳа ҷудо карда мешавад.

    Ғайр аз ин солҳои 2023 ва 2024 барилова ҷудо намудани 410 миллион доллар барои лоиҳаҳои таъмини оби ошомиданӣ ва роҳҳои автомобилӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Таъкид шуд, ки то охири соли ҷорӣ ҳамин тариқ ҳисоботи ҳокимони тамоми вилоятҳо баррасӣ гардида, дар асоси қарорҳои бинобар ҷамъбасти онҳо қабулгардида барномаи сармоягузорӣ барои соли оянда ташаккул хоҳад ёфт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates